.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Имрӯз дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе 71-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ин кишвар таҷлил карда шуд.

Дар оғоз, маросим бо тилловати пора аз китоби муқаддаси Қуръон шуруъ гардида, тамоми иштирокчиён бо даъвати сафири Покистон дар Тоҷиикстон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро дар маросими парчамбардорӣ ширкат варзиданд.

Дар ин маросим шаҳрвандони покистонии муқими Тоҷикистон, кормандони сафорат ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Тариқ Иқбол Сумро гуфт, ки рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса дар худи Покистон ва берун аз он таҷлил карда мешавад.

- Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Покистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо бахту саодат ва иқболу хушрӯзгориро таманно дорам, - изҳор дошт сафир.

Сипас, аз ҷониби масъули сафорат пайғоми президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Мамнун Ҳусайн ва сарвазири ин кишвар ҷаноби Имрон Хон қироат карда шуд.

Дар анҷом бахшида ба ин санаи таърихӣ кулчақанд аз ҷониби сафир Тариқ Иқбол Сумро ва ҳамсари ӯ бурида шуд, то ҳозирин тавонанд даҳон ширин кунанд ва зиндагиашон низ саршор аз ширину гувороӣ бошад.

Рухсораи Илҳом

Хонданд 230

Семинари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ВАО

Авг 14, 2018
Диданд: 103

Чанде қабл дар осоишгоҳи “Явроз”–и ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат  бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур ба ташаккули андешаи ҷамъиятӣ дар бораи ислоҳоти полис  дар заминаи ташкили ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма равона гардида буд.

Мураббиёни семинари омӯзиши Александр Шиханов ва Шаҳло Акобирова бо барномаҳои таҳиякардаи худ баромад карданд.

Шаҳло Акобирова гуфт, ки мақсад аз баргузории ин семинари омӯзишӣ пеш аз ҳама ҳамкори судманд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Ӯ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуҳуҳ муроҷиат карда изҳор дошт, ки бояд бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамкории зич дошта бошанд, аз додани иттилоъ худдорӣ накарда, сари вақт ба дархостҳои рӯзноманигорон ҷавоб гардонанд ва бигзор маълумотро рӯзноманигорон аввалтар аз ҳама аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба даст оранд.

Нигора Саидбекова

Хонданд 103

Тибқи қароре, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудааст, иди Қурбон дар Тоҷикистон 21-уми август таҷлил карда мешавад.      

Тибқи қарори мазкур, 21-уми август соати 6:30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи мамлакат намози Иди саиди Қурбон баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми август аз ҷониби мақомоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ба сокинони Тоҷикистон таъкид шуд, ки муқаррароти қонуни танзими расму оинҳоро риоя кунанд, вагарна барои дастурхонҳои пурхарҷ ҷаримаи ҳангуфте ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, ба гуфтаи мақомоти кишвар, бо ҳадафи назорат аз иҷро шудани ин муқаррарот дар рӯзи иди Қурбон дар манзили шаҳрвандон рейд гузаронида мешавад.

Хонданд 270

Имрӯз, 14-уми август, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»-ро имзо кард.

Дар он гуфта мешавад, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:

1. Аз 1 сентябри соли 2018:

— маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 265 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 540 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

— маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шавад;

— маоши заминавӣ ҷиҳати ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 600 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 540 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

— андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ 15,4 фоиз ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 13,5 фоиз зиёд карда шуда, мутаносибан ба андозаи 180 сомонӣ ва 850 сомонӣ муқаррар карда шаванд;

— андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда шаванд;

— андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ) ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд, 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда шавад;

— қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии то 1 январи соли 2018 таъингардидаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба андозаи 6,7 фоиз индексатсия карда шаванд;

— сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда барои соли 2017 ба андозаи 6,7 фоиз индексатсия карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

— дар амал татбиқ намудани фармони мазкурро дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;

— дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;

— ҳисобкунии музди миёнаи меҳнатро барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа) мутобиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудаанд, амалӣ намоянд.

Хонданд 152

Хабари рӯз

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.