.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Домодро кӣ кушт?

Март 05, 2018
Диданд: 301

1-уми марти соли 2018, тахминан соати 20:00, дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент, ҷасади марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур, бо захмҳои бурида дар қисмати гарданаш дарёфт карда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия падарарӯси марҳум, марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр, чун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст.

Тафтишот муайян намудааст, ки номбурда 1-уми марти соли 2018, тахминан соати 19:30, дар ҳолати мастӣ, дар маркази деҳаи Суфиёни шаҳри Панҷакент, аз сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати домодаш, бо корд як маротиба ба гарданаш зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Далели шайъӣ гирифта шудааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Хонданд 301

Субҳи барвақти таърихи 1-уми март, барои мардуми Панҷакент аз ду ҷиҳат рӯзи шодиву сурур буд: яке агар рафтани хунукиҳову омадани баҳор бо турнақатор бошад, дигаре, кушодашавии маросими роҳи миёни Самарқанду Панҷакент баъди 8 сол буд.

Ин субҳ садҳо нафар мардуми бостони Панҷакент аз ин сӯи марз ба Самарқанди сайқали рӯи замин ва аз он тараф ҷамъ омадаву ҳама мунтазири тариқи расмӣ боз шудани гузаргоҳи басташуда аз ҷониби сарони вилояти Суғд ва Самарқанд буданд.

Ниҳоят ин лаҳза фаро расиду тантанаҳо баргузор гардиданд. Аксҳое, ки шумо дар пойн мебинед бозгӯи ин рӯзи таърихӣ аст.

Шоҳин Облоқулзода

Хонданд 610

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар арафаи интихоботи қарибулвуқуъи президентии ин кишвар дар ҳолати омодабош қарор дода мешаванд, аз ин рӯ, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд эҳтиёткор бошанд, кӯшиш кунанд, то диққат ҷалб накунанд ва ҳуҷҷатҳояшонро бо худ бигардонанд.

Интихобот президентии Русия 18-уми марти соли равон баргузор хоҳад гашт. Рӯзи интихобот ва инчунин 2 рӯз қаблу як рӯз пас аз он зертобеъҳои Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҳама минтақаҳо, махсусан дар шаҳри Москва, дар ҳолати шадиди омодабош қарор дода хоҳанд шуд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар ин муддат бо мақсади амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳама ҳавзаҳои интихоботӣ намояндагони полис сафарбар хоҳанд шуд. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи ҳамаи биноҳои ҳавазаҳои овоздиҳӣ полисҳо фаъолият мебаранд ва аз таҷҳизоти ҷустуҷӯи оҳан (металлодетектор) истифода бурда мешавад.  

То 8-уми март ҳамаи қитъаҳои овоздиҳӣ шадидан тафтиш шуда, пас аз тафтиш то оғози овоздиҳӣ ин маконҳо муҳр зада мешаванд.

Мақомот ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки дар рафти ҳолати омодабоши шадид, полис дар ҳама ҳолат метавонад шуморо барои тафтиши ҳуҷҷатҳо боздорад, нақлиётатонро манъ кунаду кофтукоб намояд.

«Шумо бояд санаи омадан ва суроғаи манзили дар қайд будаатонро азёд донед. Ин натанҳо ба муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои хориҷӣ, балки ба шаҳрвандони Русия ҳам тааллуқ дорад», - омадааст дар муроҷиати мақомот ба шаҳрвандон ва бошандагони муваққатии Русия.

Хонданд 775

Чиниҳо «Адрасмон»-ро гардон мекунанд?

Март 02, 2018
Диданд: 273

Дирӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо директори ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» Ли Жангуан тасмим гирифтааст, ки Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон», воқеъ дар шимоли кишварро дубора фаъол гардонад.

Роҳбарияти ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» омодагӣ ва ҳавасмандии худро барои дубора фаъол намудани Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» баён кардааст.

Аз ҷониби мутахассисони чинии ширкати «Ли Сзя Инвестмент», ки имрӯз яке аз ширкатҳои маваффақ дар самти истихроҷи маъдан мебошад, ташхиси Кони Мансури шарқӣ ва Кони Мансури ғарбӣ гузаронида шуда, тибқи хулосаи мутахассисон, барои фоидаовар шудани корхона ҳаҷми истеҳсолот бояд 3 баробар зиёд ва истихроҷи маъдану коркарди он аз 500 ҳазор то ба 1,5 миллион тонна расонида шавад. Барои ин навсозии таҷҳизоти корхона зарур буда, имкон медиҳад, ки дар Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» 1500 ҷойи кори нав ташкил гардад.

Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон»-и шаҳри Гулистон аз соли 2013 инҷониб аз фаъолият бозмонда, бо сабаби муфлисшавӣ ба тобеияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Хонданд 273

Хабари рӯз

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.