TOJ :: RUS

Ёде аз Муҳиддин Олимпур

Хабари марги муфоҷояш ҳазорон нафарро дар Аврупову Амрико такон дод, садҳо мисраъ шеър барояш марсия шуд. Дар ҳамон шабу рӯз рӯзномаи “Кайҳон”-и Лондон навишта буд, ки Олимпур ва Осимиро ҷосусони Ӯзбекистон куштанд, зеро инҳо афроде буданд, ки барои таҳкими фарҳанги Тоҷикистон ва густариши равобити тоҷикон бо форсизабонони ҷаҳон бузургтарин хидматро мекарданд. Ҳатто овозхони машҳур Гугуш, ки дар зиндагӣ сахтиҳои зиёде дидааст, гуфта буд, «рӯзи марги Олимпур бадтарин рӯзи зиндагияш будааст».

Шарҳи ҳол

Муҳиддин Олимпур аз пешоҳангони журналистикаи тоҷик шинохта шуда 2- юуми марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айни, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Дар солҳои гуногун дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат (1983) », ҳамзамон ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, мудири бахш дар оҷонси давлатии иттилоотии ТоҷикТА (имрӯза "Ховар")(1970-1979)  ва сар аз соли 1990 то замони кушта шудан ба ҳайси мудири бахши душанбегии радиои ВВС фаъолият кардааст. Муаллифи силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ ва ду китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ мебошад. 
Муҳиддин Олимпур 12-уми декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе кушта шуд ва бо гузашти 12 сол аз ин ҳодиса мақомоти интизомии То
ҷикистон мегӯянд, тамоми қотилони ӯро пайдо карда ва ба муҷозот кашидаанд.

Саҳнаи марг ва фарзияҳо

Шаби 13-уми декабри соли 1995 шояд он лаҳзае буд, ки Муҳиддин Олимпур ҳам ба хашм омад ва ҳам афсурдаву андӯҳгин шуд. Вай дар он лаҳзаҳо бепаноҳии комили инсони бузургро дар баробари мили силоҳи ҷоҳилон ҳис кард. Ғам хӯрд, ки дигар чеҳраи зебои фарзандонашро нахоҳад дид ва дурахши нигоҳаш дар оинаи дурбини аккосияш хомӯш гашт. Дигар зебоиҳои мардумашу мулкашро рӯи навор нахоҳад овард.

Дастони хунолуди шайтонӣ симои ӯро бо он лабханди зебояш аз манзараи умумие буриданду берун кашиданд, ки дар он фақат ҷасадҳо буданду ашку ғаму хуни баноҳақ. Ва ниҳоят ҳамон шаб Муҳиддин Олимпур пас аз анҷоми кори дафтари Би-Би-С и дар Душанбе ба хиёбони Исмоили Сомонӣ меояд, то ин ки ба манзилаш равад. Аммо дар истгоҳ як мошин назди ӯ истода, аз дарун ба вай ишора мекунанд, ки ӯро то манзилаш хоҳанд бурд. Вале дар нимароҳ дар дохили мошин бо ду тир ӯро ба қатл расонда, ҷасадашро дарҷӯйбори назди бинои Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мепартоянд.

Яке аз пизишкони осебшинос, ки дар колбадшикофии ҷасади Олимпур ширкат кардааст, аниқ кардааст, ки дар меъдаи ӯ палаве буд, ки шоми он рӯз ва соате пеш аз кушта шуданаш истеъмол шудааст. Ин нишон медиҳад, ки шояд ӯ аз зиёфате баргаштааст ва ё кушандагонаш пеш аз марг ӯро бо баҳонае ба нони шом бурдаанд. Вале дар таҳқиқи ҷиноӣ ба ин ҷузъиёт диққат дода нашудааст. Аз сӯи дигар гап дар сари он, ки чунин шахси боэҳтиёт чи гуна розӣ шудааст, бо афроди ношиносе аз коргоҳаш берун раваду ба мошини онҳо савор гардад ва он ҳам дар ҳоле ки дар кишвар ҷангу хунрезӣ идома дорад, низ шубҳабарангез мебошад. Инчунин бархе аз коршиносон куштори Муҳиддин Олимпур ва хабарнигори шабакаи русии ОРТ, Виктор Никулинро ба ҳам васл медиҳанд ва рӯйдодҳои ҳамсон меноманд, вале дар ҳоле ки Никулин бо гузоришҳои шадидлаҳнаш аз марзи Тоҷикистону Афғонистон метавонист, касе аз тарафдорони оппозитсиони тоҷикро ба хашм оварад, аммо Олимпур дар фаъолияти хабарнигорияш кӯшиш мекард, ба мавзӯъҳои сиёсӣ ва ҳассос дахл накунад. Ва куллан низ ӯ мавзӯҳои фарҳангиро хуш дошту аз низоъ, хусумат ва зиштиҳо фирор мекард.

Дастаи «Эшони Нозим» қотили Олимпур

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2008 панҷ наврасро дар куштори Олимпур айбдор донист ва бархе аз онҳоро то ба 15 соли ҳабс намуд. Яке аз онҳо Насрулло Шарифов, сокини ноҳияи Ваҳдат мебошад, ки дар қатли хабарнигори Би-Би-Си ва аз чеҳраҳои маъруфи фарҳангии Тоҷикистон Муҳиддин Олимпур гунаҳгор дониста мешуд, бо мусодираи амвол ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд ва шарики дигари Насрулоҳ Шарифов чанд соли қабл бар асари кадом беморӣ даргузашта будааст. Тибқи иттилои додгоҳи олӣ муттаҳам Насрулло Шарифов, ки тақрибан 38 сол дорад, дар таърихи 12-уми декабри соли 1995 бо истифода аз таппончаи «Макаров» бо ду тир - яке ба пешонӣ ва дигаре ба сина -Муҳиддин Олимпурро ба қатл расондааст. Додситони ҳамонвақта Мадвалӣ Исоев гуфта буд, пас аз қатли Муҳиддин Олимпур шаби 12-уми декабри соли 1995 Насрулло Шарифов ба Русия фирор мекунад ва дар ноҳияи Калинини шаҳри Санкт Петербург бар асари як ҷиноят 7 солу як моҳ  маҳкум ба зиндон мешавад. Пас аз он бо дар хости додситонии кулли Тоҷикистон вай аз Санкт-Петербург ба Душанбе истирдод шуда ва бо ин тафтиши парвандаи марбут ба куштори Олимпур идома пайдо мекунад. Инчунин гуфта мешавад, ки соли 2003 додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафар - Адҳам Тоҳиров ва Назрибек Давлатов, сокинони ноҳияи Ваҳдатро дар қатли Муҳиддин Олимпур ва Виктор Никулин, хабарнигори русзабони Тоҷикистон, гунаҳгор дониста, ба зиндон маҳкум карда буд.

Баъд аз 12 соли қатли ин рӯзноманигор намояндагонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, хабар додаанд, ки охирин нафар аз қотилони собиқ мудири бахши душанбегии радиои ВВС Муҳиддин Олимпур дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Мақомоти интизомӣ Аслам Усмонови 28-сола, сокини ноҳияи Ваҳдатро дар қатли хабарнигор, суратгир ва наворбардори шинохтаи тоҷик Муҳиддини Олимпур дар соли 1995 муттаҳам медонанд. Нафари муттаҳам дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, узви гурӯҳи Нозим Юнусов, маъруф ба «Эшони Нозим» буда, пас аз қатли Олимпур ба Русия фирор карда ва танҳо акнун баргаштааст. «Эшони Нозим» аз фармондеҳони иттиҳоди мухолифини пешин буд, ки минтақаи Ромитро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таҳти назорат дошт ва баъдан кушта шуд. Мегӯянд, қотилон ба амали худ иқрор кардаанд, аммо фармоишгар ё фармоишгарони ин қатл ифшо нашуданд. Ин панҷ нафар аз гурӯҳи Нозим дар ноҳияи Ваҳдат ва мусаллаҳони Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик будаанд. Маълум нашуд, барои онҳо чӣ зарур буд, шахсеро, ки аз сиёсат фарсахҳо канора меҷуст, ваҳшиёна ба қатл расонанд.

Фармоишгарони куштор дар паси парда боқӣ мондаанд.

Мардуми тоҷик бо гузашти 17 сол ҳам ин рузноманигори сарсупурдаи миллатро ёд мекунанд. Мисоли гуфтаҳои боло ин аст, ки рӯзи 13-уми декабри соли 2012, дар рӯзи қатли хабарнигор ва аккоси зиндаёд Муҳиддин Олимпур намоишгоҳи аксҳои ӯ дар толори «Мино»-и пойтахт бургузор гардид. Дар ин намоишгоҳ сафирони Озарбойҷону Фаронса, Муҳиддин Кабирӣ - роҳбари ҲНИТ ва аккосони тоҷику хориҷӣ иштирок доштанд. Ҳамза Камол, раиси Конуни байналмилии "Олимпур", гуфт, ин намоишгоҳ бо кӯмаки молии Бунёди Сорос баргузор ва дар он ҳудуди 40 акс аз бойгонии Муҳиддин Олимпур ба намоиш гузошта шудааст. Ба қавли созмондиҳандагони ин намоишгоҳ, бархе аз ин аксҳои Олимпур фурӯхта хоҳанд шуд. Ба қавли Ҳамза Камол, он аксҳо бештар манзараҳои мухталифи табиати Тоҷикистонро дар бар гирифта, мазмуни фарҳангӣ доранд, вале то кунун дар ҳеҷ маҷалла ё рузномаву намоишгоҳҳо нашр нашудаанд. Пас аз марги Муҳиддин Олимпур то кунун ҳудуди 7 намоишгоҳи аксҳои ӯ таҳти унвони «Гулдухтарони тоҷик», «Афғонистон аз нигоҳи дӯст» ва «Пирмардон» дар Душанбе баргузор карда шудааст.

Бархе аз коршиносону мақомотҳои интизоми қатли Олимпурро ба ходими давлатии Тоҷикистон будани ӯ рабт медиҳанд. Аммо Олимпур дар он давра як журналисти мустақил ва корманди расонаи хориҷӣ буд ва наметавон ӯро ходими давлатии Тоҷикистон номид. Ба ин далел мақомоти таҳқиқ ангезаи ин кушторро ба таври комил то ҳол шарҳ надодаанд. Ба ин сабаб фарзияҳои гуногуне дар ин бора паҳн шудаанд ва агар ҳатто афроди айбдоршуда ва ин боздоштшудаи нав дарвоқеъ қотилони Олимпур бошанд ҳам, фармоишгарони ин куштор дар паси парда боқӣ мондаанд.

Тибқи маълумоти Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон, дар давраи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар аз соли 1992 то соли 1997 дар Тоҷикистон беш аз 70 журналист кушта шудаанд.

Таҳияи Мазҳаби Ҷумъа

Назари Шумо


Security code
Навсозӣ