TOJ :: RUS

Минбари сардабир

Ман намедонам, вақте Марк Сукерберг шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро таъсис дод, чӣ нияте дошт, дар кадом шакле онро дидан мехост. Вақте қадами «Фейсбук» ба Тоҷикистон расид, дар оғоз рисолати майдони баҳсу андешаҳоеро иҷро мекард, ки онро наметавонистӣ дар нашрияҳо нависӣ ё дар сайту оҷонсиҳои расман номнависшуда дар кишвар, баён кунӣ. Шояд сабаби ....
27.01.2018 12:59 273

“Мо ҳама мемирем, вале ҳеҷ кас ҳамсояи бадро намебахшад…» (Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон) Омадани Шавкат Мирзиёев ба курсии президенти Ӯзбекистон дар доираҳои сиёсии минтақа мисли ҳавои тозае буд, ки ба он солиёни сол ниёз доштанд. Яъне, омадани раҳбареро, ки яхи умедҳои ҷомеаи кишварашро об кунад ва дар ҳамин баробар ба ҳамсоягонаш муносибати ....
13.01.2018 15:39 207

Барои кӯдакон халтачаи солинавиро бофта бароварданд, барои калонсолон тахфифи солинавӣ, барои мӯйсафедон баланд шудани нафақа ва барои романтикҳо «хлопушка»-ю «фейерверк»-ро. (Ҳикмати русӣ) Соли Нав ба Тоҷикистон дубора баргашт.Аниқтараш, арчаҳои қатори солинавӣ баргаштанду тарсу ҳарос аз таҷлили рӯзи таваллуди Исои Масеҳ гурехтанд. То дирӯз баҳси «соли нави мо кадом аст: Наврӯз ё Соли ....
06.01.2018 15:51 166

Аҷаб ҳолате ба ҷомеа ориз шудааст. Аз гузаштани шабу рӯз парво надорад, аниқтараш, гузаштани шабу рӯзро эҳсос намекунад... Не-не, инро эҳсос менамоянд, масалан дар шабакаҳои русӣ, ки шабонарӯзӣ аз хафви Толибон ба кишварҳои Осиёи Миёна, алалхусус Тоҷикистон мегӯянду менависанд...Инро эҳсос менамоянд дар Қирғизистон, ки ҳар рӯз харитаи нави сарҳадиеро ба ВАО ....
16.12.2017 14:01 179

Рӯзи 2-юми декабр ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО, ки вазифаи ҷониаш талаби риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ аст, доир мешавад. Дар ду соле, ки ман раҳбари ин созмони журналистӣ будам, бо чӣ баҳсҳое дучор нашудам. Аз шикояти ҳамкасб аз болои ҳамкасб сар карда, то сӯйистифода кардан аз номи «журналист» ва ё ному насаби ....
02.12.2017 11:13 227

Чанд ҳафтаи охир дастоварду комёбиҳои зодагони Тоҷикистон дар баробари пайки нохуше, ки аз рӯзгори сангини муҳоҷири тоҷик дар ғурбат пахш мешавад, дар сархати хабарҳо қарор дошт. Ба эҳтимоли зиёд, қаҳрамони олимпии ҷаҳон Дилшод Назаров ба зиндагию фаъолияти ҷавонони Тоҷикистон таъсири мусбат расонд. Агар ки то ба ин дам фирӯзӣ дар берун ....
18.11.2017 12:33 235

…Фол аз Девони Ҳофиз чун кушудам ин саҳар,«Сина моломоли дард» омад далели ҳоли мо... (Абдуҷаббори Суруш) Ёдам нест маротибаи охир кай театр рафта будам. Хато накунам, се намоишномаи шодравон Фаррухи Қосим- «Юсуфи гумгашта», «Фоҷиаи Исфандиёр», «Лайлӣ ва Маҷнун» буд. То ба ҳол толорҳои хомӯш, аммо.моломоли тамошобин пеши назарам аст. Ҳамчунин дар ёдгӯшаҳои ....
07.10.2017 10:23 450

Бо вуҷуди он ки матбуоти чопии кишвар сангинтарин рӯзҳоро дар шароити бӯҳронӣ пушти сар менамояд, аммо то ҳанӯз мардум чун умеди охирин дари нашрияҳоро мекӯбанд. Зиёд аз ман суол мекунанд, ки «барои чӣ ба замми директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон будан, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» ҳам будиву аз вазифаи дуюм истеъфо додӣ? ....
23.09.2017 12:19 468

Дар ҳоле насли калонсол аз замони пахтачинии даврони Шӯравӣ бо ҳасрат ёд кардаву дар ёдгӯшаҳои ҷавонӣ ҳар пораи онро меҷӯяд, насли имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз «маршировка» ба гунаи дигар қисса мекунад. Барои ҳар нафаре, ки даврони донишҷӯияш оғоз аз давраи Шӯравӣ то солҳои 1993-1994 гузаштааст, даврони пахтаю пахтачинӣ, кадушӯрбою «чесотка» ....
16.09.2017 12:43 412

Бо фаро расидани насими гарми муносибат миёни кишварҳо, мардуми водии Зарафшон умедвори боз шудани шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд ҳастанд. Хушбахтона, касе имрӯз аз вазъи роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки чандин сол дар сархати хабарҳо қарор дошт, шиква намекунад. Имрӯз ин роҳ шояд аз беҳтарин роҳҳои кишвар бошад ва мусофирон ба роҳат то зодгоҳ ё деҳаи ....
02.09.2017 12:46 527