TOJ :: RUS

Хабари рӯз

Ҳудуди ду ҳафтаи охир беш аз 70 дӯкони соҳибкорони бозори «Султони Кабир» дар Душанбе, ки дар қисмати ғарбии ин бозор фаъолият доштанд,  аз байн бурда шуда, ба ҷояш истгоҳи муваққатӣ фаъол шудааст. Соҳибкорон ин макон, ки ба фурӯши молу маҳсулоти гуногуни сохтмонӣ машғул буданд,  мегӯянд, ба онҳо танҳо як рӯз муҳлат ....
19.10.2017 15:53 290

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 18-уми октябр мурофиаи судии декани факултети омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Салимов Ҳабибулло Қузратовичро тибқи моддаи 247 қисми 3 ба поён расонида, ӯро бо ҷарима ба маблағи 45000 сомонӣ ба фоидаи давлат аз толори судӣ озод кардааст. Дар ин бора наздикони Ҳабибулло Салимов ба ....
19.10.2017 15:48 166

Набераҳои роҳбари Тоҷикистон дар солҳои 60-70-ум Ҷаббор Расулов аз интиқоли гӯри бобояшон ба дигар ҷо тавассути ВАО бохабар шуда, изҳори нигаронӣ кардаанд, зеро ҳеч кас ба се фарзанд ва чор набураи ӯ дар ин бора иттилоъ надодааст. ИА «АП» аз қавли Ирина Тихонова, набераи Ҷаббор Расулов, навишт, ки пайвандони сиёсатмадори марҳум ....
19.10.2017 12:38 226

Расонаҳои украинӣ гузориш додаанд, ки бар асари бархӯрди як автомашина ба гурӯҳи одамон дар шаҳри Харков чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи чоршанбе аз бархӯрди як мошин ба тӯдаи одамон дар шаҳри Харкови Украина хабар доданд, ки бар асари он дастикам 5 нафар кушта ва 6 тан захмӣ ....
19.10.2017 11:12 79

Декани факултети омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Ҳабибулло Қузратович ва омӯзгори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе Бобокалонов Хушбахт Сайдалиевич дар вақти гирифтани пора дастгир карда шудаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 29-уми августи соли ....
19.10.2017 09:48 235

Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар вохӯрии ҷавобии финали байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 дар Бангалори Ҳундустон бо дастаи «Бенгалуру» аз ин шаҳр мусовӣ кард ва ба финали дуюмин мусобиқаи бонуфузи Осиё роҳ ёфт. Ҳисобро дар ин бозӣ Нуридин Давронов дар дақиқаҳои аввали бозӣ аз пеналтӣ кушод. Баъди он, ки дарвозабони соҳибони майдон ба ....
19.10.2017 09:34 75

Вакили палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов, роҳбари Ҳизби демократ, имрӯз дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон истеъфои раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзодаро талаб кардааст. Дар ин бора АИ "АП" хабар дод. Ба гуфтаи ин вакил судҳои (фоизи) қарзие, ки бонкҳои Тоҷикистон аз соҳибкорон ва сокинон талаб мекунанд, танҳо барои нашъалҷалобони Колумбия ва ....
18.10.2017 13:26 536

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA ҷойи худро иваз кард ва аз мавқеи 140-ум ба зинаи 123-юм баромад. Ин моҳ футболи Тоҷикистон дар ҳисоби худ 255 имтиёз дорад ва бо ин 17 зина боло рафтааст. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар байни дастаҳои Осиё се зина боло рафта, ҳоло дар ....
18.10.2017 11:15 59

Дар маҳфили  навбатии журналистикаи иқтисодӣ-«Тавозун» марҳилаи дуюми татбиқи Фармоиши Ҳукумати Тоҷикистон оид ба таҳияи буҷети солҳои 2018-2020 баррасӣ мегардад. Дар доираи ин маҳфил, ки айни замон дар толори Маркази татқиқоти стратегии Тоҷикистон идома дорад, марҳилаи навбатии таҳияи буҷети давлатӣ барои соли 2018 муҳокима мешавад. Ин фармоиш айни ҳол бо вазорату мақомоти ....
18.10.2017 10:33 160

Кормандони милитсия дар Душанбе дар ин ҳафта дар ду маврид пеши роҳи фурӯши ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳоро гирифтаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд. 16-уми оутябр дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони ба фурӯш баровардани ....
18.10.2017 09:47 157