TOJ :: RUS

Ҳукумат

Ҳамин ҳоло ҳафтаи сеюм аст, ки нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ баргузор шуда истодааст. Аммо дар натиҷаи иштирок дар якчанд силсиланишастҳо хулоса кардан мумкин аст, ки кадом мақомот ё ниҳоди давлатӣ то кадом сатҳ аз уҳдаи иҷрои фармони роҳбарияти давлат баромада истодаанд. Хостем перомуни ин мавзуъ каме андаешаронӣ кунем.Тартиби баргузории нишастҳои ....
10.02.2018 11:30 158

Рӯзи 5-уми феврал дар доираи иқдоми «FIFA World Cup Trophy Tour», ки бо дастгирии ширкати «Coca Cola» баргузор гашта истодааст, Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол (ё худ Ҷоми ҷаҳонии ФИФА) ба Тоҷикистон оварда шуд.  Ин ҷоизаи олии варзиширо футболбози машҳури дунё, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, бозингари маъруфи тими мунтахаби Фаронса - ....
10.02.2018 11:27 91

Ин ҳодиса хеле солҳо пеш рух додааст... Бобоям соли 1916 аз ҷониби Импротурии Рус ба мардикорӣ рафта, инқилоби февралиро дар Новосибирск истиқбол намуда, аз ташкили аввалин колхозҳо хоҷагии хурдакаки “Колхозобод”-ро дар деҳаи Молотов сарварӣ карда, соҳиби ордени Ленин шуда, иштирокчии ВДНХ, сохтмончии Канали Фарғона буданд. Вале ин ҷо гап сари тилфон ....
27.01.2018 14:46 469

Дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои қабули ....
20.01.2018 12:39 548

Ҳар субҳ бо мақсади варзиш ба кӯчаҳои шаҳр мебароям. Ба назди боғи начандон бузург мерасам. Марде зери дарахтони қад бар осмон кашида 4-5 сар гӯсфандашро мечаронд. Ӯ дар дасташ оҳани дароз дошт. Мард чангаки асои оҳанини дасташро ба шохи дарахт андохта, сахт мекашид. Ҳамин ки шох ба замин зад, гӯсфандонаш зуд ....
06.01.2018 15:56 273

Ба касе пушида нест, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар рушду такомули ҳамаҷонибаи ҷомеа нақши барҷаста дорад. Яке аз анъанаҳои хос зимни ироаи Паём ихтисос додани сол ба як қишри муҳими ҷомеа мебошад. Чуноне, ки дар паёми имсола - соли 2018 ....
06.01.2018 12:05 495

Ба номи Худованди ҷону хирад! Ман бе ту даме қарор натвонам кард, Эҳсони туро шумор натвонам кард.Гар бар тани ман забон шавад ҳар мӯйе,Як шукри ту аз ҳазор натвонам кард.(Абулхайр) Худои меҳрубон аз ду Паёмбараш дар Қуръон, дар сураи Наҳл, 120-121 ва сураи Исро-3 ёдовар мешавад ва мефармояд, ки Ҳазрати Иброҳим (ъ) ва ....
06.01.2018 11:55 839

РУҶӮЪ... 13-уми январи соли 2017... Ҷумъа... Ҳаво сард...Саҳаргоҳон ҳанӯз рӯз равшан нашуда буд. Ҳангоми ба кор рафтан дар роҳ дӯстам Хайруллои Фатҳуллоро дидам. Пас аз салом кардан пурсид:- Хайр, навигариро шунидӣ? Телевизионро имшаб тамошо кардӣ?Ба ростӣ, ҳамон шаб ё бо сабаби барнома омода кардан барои радио ва ё ба дарс тайёр ....
18.12.2017 16:28 536

Cухане чанд аз бурду бохти дусолаи Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ ва тасмими мақомот барои таъсиси Маркази ягонаи дигар Бо ҷамъбасти соли 2017 аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №765, аз 30-юми декабри соли 2015 дар бораи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ 2 сол пур мешавад. Қарори мазкур бо мақсади таъмини ....
16.12.2017 12:48 285

Чаро дили халқ ба ришвахӯрон месӯзад? Мардум дар кӯчаву нақлиёт ошкору ниҳон, аммо дар доираи дӯстони худ баҷуръаттар аз мавҷудияти коррупсия дар сохтори давлатӣ ҳарф мезананд. Ба андешаи онҳо, аз дасти милиса, омӯзгор, духтур, нотариус, судя ва ҳар корманди давлатӣ бӯи тамаъ меояд. Аҷоиб. Агар ин ҳама воқеият аст, пас чаро ....
09.12.2017 13:12 489