Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар арафаи “Рӯзи матбуот”, ки ҳамасола рӯзи 11-март таҷлил мегардад, аҳли қалами кишварро табрику таҳният намуда, ин рӯзро аз санаҳои муҳими таърихӣ арзёбӣ кардааст. Мавсуф бахшида ба ин санаи таърихии фаромӯшнашавандаи қаламбадастони тоҷик рӯзи 7-уми март дар бинои Маҷлиси намояндагон бо рӯзноманигорони кишвар мулоқот доир намудааст.

Дар ин бора аз Маркази матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар доданд.

Бинобар иттиллои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров зимни ироаи сухани табрикотӣ ҳамчунин аз нахустрӯзномаи тоҷикии Осиёи Миёна-«Бухорои шариф», ки 106 сол муқаддам рӯи чоп омадааст, ёдовар шуда, нақши онро дар фароҳам овардани заминаҳои устувори маънавию эҷодӣ барои мактаби рӯзноманигории тоҷик муҳим хондааст.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид доштааст, ки рӯзномаи «Бухорои шариф» дар як марҳилаи ҳассоси таърихӣ рӯи нашр омада, барои миллати тоҷик чун рисолаи раҳнамоӣ ё амсоли бонги бедории мардум хизмат кардааст.

-Муаллифони сабзхомаи он дар баробари монеаҳои шадиди низоми давр тавонистанд сухан аз мактабу маориф, иқтисоду тиҷорат, сиёсату фарҳанг, ободию озодӣ, пешрафту тараққиёт ва муҳимтар аз ҳама аз иттиҳоди миллию манофеи мардуми тоҷик бигӯянд. Дар ҳамон давру замон манфиатҳои миллии мо ва ҳақиқати таърихии ҳазорсола дар баробари афкори миллатгароёна ва туҳмату таҳқири нашрияҳои пантуркистӣ қарор дошт,-гуфтааст Зуҳуров.

Дар анҷоми мулоқот Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов медали ҷашнии «100-солагии Матбуоти тоҷик»-ро тақдим намудааст.

Ҳамчунин, зимни ин чорабинӣ нусхаҳои электронии «Бухорои шариф», ки аз нодиртарин сарчашмаи пажӯҳиш мебошанд, чун рамзи арҷгузорӣ ба рӯзноманигорон, яъне пайравони мактаби эҷодии «Бухорои шариф» тақдим карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here