Дар суди ноҳияи Ховалинг, ки таҳти раисии судя Наимзода Фарҳод бо котибии Қосимзода Шаҳром ва айбдоркунандаи давлатӣ Шамсуллозода Изатулло дар таърихи 15.08.2017 баргузор шуд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати сармуҳаррири нашрияи «Ҳақиқати Ховалинг» Назарова Матлуба, ки аз тарафи мудири шуъбаи зан ва оилаи МИҲД-и Ховалинг Сафарова Гулҷаҳон лату кӯб шуда буд, дида баромада шуд.

Суд нисбати Назарова Матлуба ба андозаи 5,5 ҳадди аққал, ки ин зиёда аз 27 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ҷарима муайян кардааст.

Назарова Матлуба бо собиқаи кории 27-сола, ки аз он 25 солаш чун хизматчии давлатӣ фаъолияти корӣ дорад, яке аз фаъолтарин занҳои ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон буда, дар пайи ин ҷанҷол, ки бо ибтикори Сафарова Гулҷаҳон сурат гирифтааст, беш аз 15 ҳазор сомонӣ зарари молӣ дидааст. Вале мақомоти тафтишот дидаю дониста зарарҳои ба хонум Назарова Матлуба расонидашуда ва аз тарафи падари Сафарова Гулҷаҳон, ду бародараш ва як рафиқи бародаронаш, ки ба манзили истиқоматии Назароваҳо даромадаанд, дахлнопазирии манзил ва оромии аҳли оилаи Назароваҳоро бо тарсонидани ду кӯдаки хурдсол ва модари пири Назароваҳоро ба назар нагирифтаанд, сарфи назар кардааст. Ин далели пушту паноҳи пурқувват доштани Сафарова Гулҷаҳон дар мақомоти қудратиро нишон медиҳад. Гарчанде дар рафти баррасии парванда Назарова Матлуба ба Сафарова Гулҷаҳон оштӣ шуда аз ҳамдигар узр пурсида бошанд ҳам, суди зинаи аввал ин далелро ба назар нагирифтааст, ҳол он ки мардуми зиёди ин ноҳия аз хизматҳои арзандаи Назарова Матлуба ёдовар шуда, ӯро ҳамчун зани қавиирода, оташинсухан ва ёвар дар мушкилии дармондагон мешиносанд.

Ногуфта намонад, ки ҳукуматдорон ва зимомдорону фаъолони ин ноҳия аз 15.05.2017, ки ҷанҷоли ин ду нафар рӯй дода будааст, то охирин рӯзи мурофиаи судӣ худро чун тамошобин нишон додаанд. Ҳол он ки роҳбарон, ё ду-се пири хирад метавонистанд, ин ду нафарро оштӣ дода, ин ҷанҷолро хотима бахшанд, вале онҳо худро чун тамошобин нишон додаанд.

Саиди Ҳайдар, «Фараж»

Добавить комментарий