Мутахассисон тарзи инъикоси дурусти мавзуъҳои бемории вируси норасоии масунияти одамро (ВНМО-ВИЧ СПИД) ба журналистони ҷавон омӯзониданд.

Рӯзҳои 10-11-уми июн дар шаҳри Душанбе барои журналистони ҷавони муассисаҳои хусусию давлатӣ тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи ВНМО баргузор гардид.

Дар тренинги мазкур мутахассисони пуртаҷриба аз нигоҳи этикаи касбӣ тарзи дурусти инъикоси ин мавзӯро ба журналистон омӯзониданд.

Мутахассиси бемориҳои ВНМО Саида Муниева қайд намуд, ки ҳангоми навиштани ин гуна мавзуъҳои ҳассос журналистон бояд этикаи касбиро риоя кунанд ва эҳтиёткор бошанд, зеро тарзи инъикоси мавзӯҳо аз онҳо вобастагии зиёд дорад.

“Журналистон мавзуъҳоро, махсусан мавзуъҳои ҳассосро, бояд эҳтиёткорона инъикос кунанд, зеро тарзи қабули ҷомеа аз журналистон вобастагии зиёд дорад. Баъзан журналистоне ҳастанд, ки бемории ВНМО-ро ҳамчун “вабои аср” ба ҷомеа муаррифӣ мекунанд, ки ин аз нигоҳи этикаи касбӣ дуруст нест. Журналист, вақте дар бораи нафаре, ки аз ин беморӣ ранҷ мекашад, менависад, ё маълумот медиҳад, набояд бе иҷозаи он шахс ному насабашро оммавӣ кунад”, — гуфт Саида Муниева.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи омори Вазорати тандурустӣ гирифторони бемории ВНМО то моҳи декабри соли 2018 ба 10 ҳазору 700 нафар расидааст, ки  7 ҳазори онҳоро мардҳо ва 3700 нафари дигарро занҳо ташкил медиҳанд.

Танҳо дар миёнаи соли 2018-ум 1 ҳазору 400 нафар аз ин беморӣ сироят ёфтаанд.

Ҳангоми ташхиси пеш аз никоҳ муайян шудааст, ки 48 нафар ба ВНМО гирифтор шудаанд.

Соли 2018 дар зиндонҳои Тоҷикистон 30 нафар аз ВНМО сироят ёфтаанд. Дар умум, зиёда аз 307 нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон гирифтори ин беморӣ шудаанд.

Тибқи иттилои Маркази ҳуқуқи инсон, айни замон 262 нафар гирифтори бемории ВНМО таҳти назорати табибон қарор дошта, зиёда аз 7 ҳазору 500 нафар ройгон табобат мегиранд.

Добавить комментарий