Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО\СПИД) озмуни «Беҳтарин мавод»-ро дар мавзӯи ВНМО миёни кормандони ВАО ҷамъбаст кард.

Дар озмун аз ҷониби 21 нафар рӯзноманигорони расонаҳои кишвар дар чор наминатсия матлабҳо пешниҳод гардиданд, ки ба ғолибон рӯзи 1-уми декабр, дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимзода Насим Хоҷа, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА Кевин Коверт ва намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Игор Паканевич туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Туҳфаҳо дар чорабиние, ки бахшида ба ин рӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти шиори «Хушҳолона зиндагӣ намо — аз вазъи солимии худ огоҳ бош» баргузор гардид, супурда шуданд.

Дар бахши беҳтарин барномаҳои телевизионӣ ҷойи аввал ба корманди Телевизиони Тоҷикистон Беҳрӯзи Одина,  дуввум ба Раҳматулло Камолов-Телевизиони «Сафина» ва ҷойи сеюм ба Мусо Абдуқаҳҳоров-телевизиони «Чаҳоннамо» лоиқ дониста шуд.

Дар бахши видеоролики беҳтарин Фатҳулло Мирзоев ба ҷойи якум, Сайёраи Сайдалӣ-дуюм ва Гулрухсори Маҳмадалӣ ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд.

Раҷабова Идигул, Дилшод Алсамадов ва Нарзулло Ҷӯраев дар бахши беҳтарин маводи радиоӣ ғолиб дониста шуданд.

Ҳамчунин, Маҳина Давлатова («Тоҷикистон»), Сайфиддин Суннатӣ («Садои мардум») ва Шамсулло Фозилов («Фараж»), ки дар бахши беҳтарин маводи чопӣ заҳмат кашиданд, ғолиби озмун гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here