Роҳбари ҳизби ЛДПР Владимир Жириновский пешниҳод кард, ки муҳоҷирони дар Русия қарор дошта ба корҳои роҳсозӣ ҷалб карда шаванд. Ин пешниҳодро Жириновский ҳангоми сӯҳбати видеоии худ бо раиси бонки марказии Русия Элвира Набиулина ирсол кард.

Пештар ҳукумати Русия  изҳор дошт, ки аксари муҳоҷирони Русия шаҳрвандони собиқ Шӯравӣ буда, барои кор дар сохтмонҳо ба ин кишвар  омадаанд.

Ҳоло дар Русия 9 миллион коргар дар сохтмонҳо фаъолият мекунанд, ки 2 миллиони онҳоро муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Тибқи омори расмие, ки Вазорати меҳнати Тоҷикистон интишор кардааст, ҳудуди 400-450 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд, вале ҳукумати Русия ин рақамро 700-750 ҳазор нафар гуфта буд. Муҳоҷирони тоҷик дар Русия асосан дар корҳои сохтмонӣ ва фурӯшандагӣ фаъолият мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here