Дар хабар аст, ки раиси Ҳизби демократии либералҳои Русия Владимир Жириновский аз 31-уми октябр то 2-юми ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Чуноне ИА «АП» хабар медиҳад, ки дар ҷараёни сафар вохӯрии ӯ бо чанде аз вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва раҳбарияти баъзе ҳизбҳои сиёсӣ дар назар аст, хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи муносибатҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Олим Салимзода.

Ҳамчунин Владимир Жириновский ният дорад, ки бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот ороста, аз Қалъаи Ҳисор боздид намояд.

Дидору гуфтушуниди раиси Ҳизби демократии либералҳои Русия бо раҳбарияти олии Тоҷикистон ба нақша гирифта нашудааст.

Добавить комментарий