Аз 10-уми феврали имсол бо фармони президент Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон барои шаҳрвандони ҳафт кишвар ворид шудан ба ин кишварро бе виза мекунад.

Акнун шаҳрвандони Исроил, Индонезия, Ҷумҳурии Корея, Малайзия, Сингапур, Туркия ва Ҷопон метавонанд, ки ба муддати 30 рӯз дар ҳудуди Ӯзбекистон бе виза бошанд. Ҳамин тавр, шумораи кишварҳое, ки шаҳрвандон метавонанд ба Ӯзбекистон бе виза ворид шаванд, ба 16 расид.

Ҳоло шаҳрвандони 9 кившар — Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Русия, Украина ва Қирғизистон (60 рӯз) бе виза ба Ӯзбекистон сафар кардан метавонанд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон низ метавонанд бе виза ба кишварҳои номбаршуда раванд.

Ҳамчунин, бо амри президент Мирзиёев ҳуҷчатнигории визаҳои сайёҳӣ барои шаҳрвандони 39 кишвар содда гардонида шудаанд.

Дар назар аст, ки аввали моҳи марти имсол дар сафари расмии Мирзиёев ба Душанбе масъалаи виза миёни ду кишвари ҳамсоя баррасӣ хоҳад шуд ва ҳадс зада мешавад, ки минбаъд шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, ки ба муддати 30 рӯз бе виза ба ҳудуди ҳамсоя сафар кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here