Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон дар шабонарӯзи ахир нафари 14-уми ба коронавирус сироятшуда фавтидааст. Теъдоди умумии ба ин вирус сироятшудагон алҳол 3369 нафарро ташкил медињад. Саломатии 2668 нафар барқарор шудааст.

Дар як қатор манотиқи ин кишвар чораҳои эҳтиётӣ аз сар гирифта шудаанд. Дафтари матбуоти Вазорати беҳдоштӣ мегӯяд, ин ба ҳамон далел мебошад, ки дар байни сокинони вилояти Бухоро  – 7 нафар, шаҳри Тошканд – 5 нафар, вилояти Тошканд – 2 нафар ва дар миёни ашхоси зери карантин 14 нафар шахси ба коронавирус сироятшуда ба қайд гирифта шуданд.

Дар ин рӯзҳо интиқоли шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Русия ва соири кишварҳое идома дорад, ки  барои муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Теъдоди онҳо дар ду ҳафтаи охир беш аз 15 ҳазор нафарро ташкил мекунад.

Ҳудуди 4 ҳазор нафар тавассути 17 хатсайри чартерӣ ба ватан баргаштаанд. 11 ҳазору 216 нафар аз тариқи постгоҳҳои заминӣ марзро убур кардаанд. Ҳамаи ин афрод ва шахсони бо онҳо вориди мулоқотшуда ба таври оҷил ба карантини 14-рӯза фаро гирифта шудаанд.

Теъдоди умумии афроди таҳти муроқибати карантинӣ дар Ӯзбекистон беш аз 20 ҳазор нафарро ташкил мекунад.

Қаблан вилояти Навоӣ яке аз минтақаҳое маҳсуб мешуд, ки дар он ҷо теъдоди ба вирус сироятшудагон ангуштшумор буданд. Ҳоло ин вилоят дар Ӯзбекистон аз вилоятҳои пешсаф қарор дорад ва ба якборагӣ 43 нафар сроятшуда ба қайд гирифта шудаанд. Баъди вилояти Навоӣ вилоятҳои Тошканду Намангон ин феҳрастро идома медиҳанд.

Узви Ситоди мубориза бо коронавируси ҷумҳурӣ Севара Убайдуллоева дар як брифинг гуфтааст, ки олимон муддати истеҳсоли воксинро аз 2 моҳ то 2 сол арзёбӣ мекунанд ва дар Ӯзбекистон ин воксин ихтироъ карда нашудааст.

Дар робита ба он ки теъдоди сироятшудагон дар вақти ҷорӣ кардани қоидаҳои сахти карантин рӯзмарра ҳадди ақал ба 5-10 нафар меафзуд, аммо ҳоло ин қоидаҳо нарм шудаанд, вале теъдоди сироятшудагон даҳҳо нафарро ташкил медиҳад,  Севара Убайдуллоева гуфтааст, ки низоми карантин баъди пайдошавии аввалин сироятшудагон ҷорӣ гардид ва он то кунун лағв нашудааст. Танҳо дар ду ҳафтаи охир теъдоди сиҳатёфтагон нисбати теъдоди сироятшудагон бештар аст, барои ҳамин баъзе шартҳои карантин нарм карда шудаанд.

Вай тазаккур додааст, ки роҳи беҳтарини пешгирӣ аз сироятшавӣ ба ин вирус риоя ба қоидаҳои карантин аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи Севара Убайдуллоева барои одамон лозим аст, ки иммунитети худро боло баранд, ки он ҷисми инсонро аз сироятшавӣ то андозае ҳифз менамояд.

Бино ба хабарҳои расид,а барои вуруд ба вилоятҳои водии Фарғона баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо на ҳамаи мусофирон метавонанд ба шаҳри Тошканд озодона ворид шаванд. Гуфта мешавад, афроде, ки дар даст роҳхати тиббӣ доранд, муоина ва муолиҷа дар клиникҳои мухталифи Тошканд барояшон ногузир аст, имкони вуруд ба пойтахтро доранд.

Мувофиқи дастури президент Шавкат Мирзиёев ба пизишконе, ки бевосита бо сироятшудагон дар мулоқот ҳастанд ва онҳоро муолиҷа мекунанд, ҳамчунин ташхисгарон ба миқдори 25 миллион сӯмӣ, ё муодули 25 ҳазор сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 15 миллион сӯмӣ, кормандони хурди тиббӣ 10 миллион сӯмӣ ва кормандони боқимонда ҳар кадом 5 миллион сӯмӣ изофапулӣ пардохта мешавад.

Гузашта аз ин, пизишкон ва ходимони миёнаи тиббие, ки бо сироятшудагон вориди мулоқот намешаванд, вале ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд, ба маоши онҳо рӯзмарра 6 дарсад пули иловагӣ пардохт карда мешавад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here