Изҳороти намояндаи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар миёни намояндагони доираҳои мухталифи ин кишвар вокунишҳо ва сару садоҳои гуногунро ба бор овардааст. Гуфта мешавад, ки ҳангоми коргузорӣ дар Ӯзбекистон бояд танҳо аз забони давлатӣ кор гирифта шавад.

Ёдовар мешавем, ки ин хонум  бо баргузории як брифинг дар ин бора изҳори назар кардааст. Вай гуфтааст, ки корбасти забони ӯзбекӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар Ӯзбекистон чандон ҷонибдорони зиёд надорад. Ба гуфтаи ин намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия баракс, аксарияти онҳое, ки зимни вокуниши мавзуи мазкур шарҳу тавзеҳот гузоштаанд, аз он пуштибонӣ мекунанд, ки забони русӣ низ зимни коргузорӣ расман нигоҳ дошта шавад.

Мария Захарова боз иддао кардааст, ки нигоҳ доштани забони русӣ ҳангоми коргузорӣ аз манфиатҳои шаҳрвандони сершумори Ӯзбекистон ҳимоят хоҳад кард, ки аксарашон мехоҳанд дар Русия таҳсил кунанд, ё машғул ба кор шаванд. Вай ҳамзамон иброз доштааст, ки дар айни ҳол ҷиҳати таҳияи барномае, ки таълими забони русӣ дар Ӯзбекистонро ҳадаф қарор медиҳад, корҳои муштарак бурда мешаванд.

Ба таъкиди Мария Захарова ин раванд аз афзоиш додани миқдори бештари адабиётҳои таълимӣ, таълимӣ-услубӣ ва бадеӣ иборат буда, таъсиси марказҳои иловагии забони русиро низ тақозо менамояд. Дар ин раванд фиристодани коршиносони забони русӣ барои марказҳои тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ ба Ӯзбекистон дар мадди назар гузошта шудааст.

Мария Захарова дар ин брифинг афзудааст, ғайр аз ин, дар донишгоҳҳои Русия барои довталабҳои ӯзбекистонӣ аз рӯи тахассуси “филологияи рус” квотаҳои буҷавиро афзоиш медиҳанд ва ин ҷавонон ба таври ройгон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ин изҳороти намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия муносибати худро баён кардааст: “Масъалаҳои марбут ба танзими забони давлатӣ қатъан ҳаққи сиёсати дохилии давлати Ӯзбекистон мебошад ва аз ҳар гуна мудохилаи беруна орӣ аст”.

Ин вазорат расман эълом доштааст, ки эҳтиром ба забони қавму миллатҳои маскуни он дар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле равшану возеҳ акс ёфтааст. Аз ҷумла, дар моддаи 4-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфта мешавад: “Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забон, суннат ва анъанаҳои миллатҳо ва халқиятҳои маскуни он, рушду ривоҷи он дар саросари кишвар арҷу эҳтиром мегузорад”.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҳамчунин изофа намудааст, ки мувофиқи моддаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи забони давлатӣ” аз соли 1995 коргузориҳо дар ниҳодҳо ва идораҳои давлатӣ ба забони давлатӣ сурат мегиранд.

Зимнан ин маънӣ низ тазаккур ёфтааст, ки қонун омӯзиши бемонеа ва истифодаи  забони модарӣ, хусусан дар соҳаи таълими халқ, муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ва монанди он, ҳамчунин муомилоти кориро пурра кафолат медиҳад. Ба ин мавҷудияти мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ва мактабҳои олӣ ба забонҳои мухталиф дар якҷоягии шумори зиёди филиали донишгоҳҳои хориҷӣ, марказҳои фарҳангӣ, матбуоти даврӣ ва пахши барномаҳои радиоиву телевизионӣ мисоли равшан шуда метавонанд.

Гуфта мешавад, ки дар робита бо вазъу ҳолати миллатҳои дигари маскун дар ягон маврид ташвишу нигаронӣ вуҷуд надорад. Танҳо сухан дар бораи он меравад, ки қонун мавриди иҷро қарор гирад.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 25-уми апрели соли равон ҳуҷҷатеро ба мардуми ин кишвар барои муҳокима пешниҳод кардааст ва он барои иҷро накардани истифодаи забони давлатӣ аз тарафи роҳбарони идораҳо зимни коргузорӣ ситонидани ҷаримаро пешбинӣ намудааст. Бино ба тавзеҳи мақомоти ин идораи Ӯзбекистон амалӣ намудани коргузорӣ ба забони давлатӣ вайроншавии ҳуқуқи ягон шаҳрванди ин кишварро зери суол қарор намедиҳад.

Бармегардем сари мавзӯи пахши изҳороти  намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ва вокунишҳои  депутатҳои Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки куллан аз сару садоҳо ва вокунишҳои манфӣ нисбати ин изҳорот бунёд ёфтаанд. Депутати парлумони Ӯзбекистон аз Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” Гулбаҳор Саидғаниева дар вокуниш ба изҳороти намояндаи ВКХ Русия Мария Захарова ба “Фараж” чунин ибрози назар кард:

— Ман наметавонам перомуни ин мавзуъ бидуни эҳсосот ва қалби ошуфта суҳбат кунам. Кӣ ба Мария Захарова ҳуқуқ додааст, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мудохила намояд? Мо ин ҷо танҳо дар бораи он муҳокима меронем, ки коргузориҳои қонунҳо, ҳуҷҷатҳо ба забони давлатӣ сурат гиранд. Гузашта аз ин, эҳтироми забони давлатӣ аз мансабдорон ибтидо гирад. Дар ҷумҳурии мо ба ҳафт забон таълим дода мешавад, пас магар ҳафт давлат метавонанд ба корҳои дохилии мо мудохила намоянд? Ё  Русия дар ин маврид ваколати хос дорад?

Актам Ҳаитов, ҷонишини раиси парлумони Ӯзбекистон гуфтааст, ки изҳороти Мария Захароваро ғайр аз мудохила ба корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чизи дигар арзёбӣ наметавон кард.

— Ин ибрози назари хонум Захарова берун аз доираи мантиқ аст, зеро воқеият аст, ки баъди касби истиқлол забони модарии мо, ба маънои пуррааш, ба забони давлатӣ табдил ёфтааст. Дар солҳои охир пиёда шудани ислоҳоти доманфарох бозгӯи он мебошанд, ки забони давлатӣ дар ҳаёти мардуми мо беш аз пеш нақши муассир мебозад ва эътибори он ҳаматарафа рӯ ба афзоиш овардааст, — иброз доштааст Актам Ҳаитов.

Тавре муовини раиси Парлумон тазаккур додааст, фармону қарорҳои қабулкардаи Президенти мамлакат дар ривоҷу равнақи забони давлатӣ нақши муассир мебозанд. Дар як қатор мамолики хориҷӣ ба омӯзиши забони ӯзбекӣ сол аз сол ҳусни таваҷҷӯҳ меафзояд, теъдоди омӯзандагони он бештар доман фарох мекунад.

Дар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи забони давлатӣ” ба он нукта эътибор дода шудааст, ки агар мансабдорон ба талаботи он риоя накунанд, аз ду карра то панҷ баробари миқдори базавии ҳисобкунӣ ба ҷарима кашида мешаванд. Зимни муҳокимаи ин лоиҳа намояндагони созмонҳои мухталиф, одамони касбу кори гуногун фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд ва фаъолнокии худро намоиш доданд, ки нисбати ин масъала ҳаргиз бетафовут намебошанд.

Тавре ки дар урфият мегӯянд,“биринҷ бе курмак намешавад”. Дар ин масъала баъзе шаҳрвандони ин кишвар низ масъулиятӣ зоҳир намекунанд ва нисбати рушду такомули забони давлатӣ  бетафовут ҳастанд, ки намояндагони парлумонро ба нигаронӣ мувоҷеҳ намудааст.

Ногуфта намонад, ки меъёрҳои байналмилалӣ ҳаргиз барои мудохила ба сиёсати дохилии кишварҳои дигар роҳ намедиҳанд.

— Магар мақомоти расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия аз ин изҳороти Мария Захарова огоҳ наянд? — суол кардааст ҷонишини раиси Парлумони Ӯзбекистон Актам Ҳаитов.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here