Ӯзбекистон сар аз имсол бори аввал кишти зироатро дар чор фасли сол ба роҳ мемонад. Дар ин бора вазири кишоварзӣ ва обёрии ин кишвар Зойир Мирзоев дар Намоишгоҳи дуюми байналхалқии зироати сабзавот хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба нақшаҳои ҳукумат барои зиёд кардани ҳаҷми содироти сабзавот, инчунин, таъмини бозори дохилӣ бо меваву сабзавот чунин тасмим гирифта шудааст.

“Бо ташаббуси президент мо соли ҷорӣ баъди ҷамъоварии гандум дар майдони бештар аз як миллион гектар дубора чанд навъ сабзавот кишт кардем. Ба ҷуз ин, дар ноҳияҳои ҷанубӣ ният дорем моҳи октябр чанд навъ зироати дигар, аз ҷумла, картошка, сабзӣ ва лаблабу кишт кунем. Дар Ӯзбекистон ин бори аввал таҷриба мешавад. Албатта, ин таваккал аст, аммо дар айни ҳол бо мутахассисон ва олимон машварат дорем. Феълан пешбиниҳо хубанд”, — гуфтааст Мирзоев.

Ӯ ҳамчунин хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон ҳамасола то 20 миллион тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҳосил мешаванд. Аз ин миқдор бештар аз як миллион тонна ба хориҷ содир мешавад. Айни замон Ӯзбекистон ба бештар аз 80 кишвар маҳсулот мефиристад.

Добавить комментарий