Вазорати тандурустии Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар як қатор шаҳру вилоятҳо дармонгоҳҳои махсуси зидди коронавирус бунёд кунад. Ин иқдом ба манзури он роҳандозӣ мешавад, ки дар оянда аз пахшу паҳншавии коронавирус ва вируси бемориҳои сироятшавандаи дигар ҷилавгирӣ карда шавад.

Гуфта мешавад, ин шифохонаҳо дар муддати хеле кӯтоҳ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар шаҳри Тошканд корҳои бунёд намудани як шифохонаи кӯдаконаи сироятӣ бо 144 кат ва як клиники кӯдаконаи кардиоревматологиро шурӯъ кардаанд.

Ғайр аз ин, баъди анҷоми корҳои бозсозӣ дар бинои Донишкадаи стоматологии Тошканд як шифохонаи замонавии дорои 250 кат арзи вуҷуд хоҳад кард.

Дар ноҳияи Чирчиқи Болои вилояти Тошканд  барои бунёди муассисаи қарантинии тиббӣ 55 гектар ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин, сохтмони чунин муассисаи тиббӣ дар ноҳияи Зангиотаи ин вилоят низ барномарезӣ шудааст, ки барои 10 ҳазор кат муқаррар хоҳад шуд. Ин беморхона дар масоҳати 27 гектар бунёд карда мешавад.

Дар вилоятҳои Андиҷон, Навоӣ ва Сурхондарё, ки се минтақаи Ӯзбекистон маҳсуб меёбанд, сохтмони чунин муассисаҳои қарантинӣ шуруъ хоҳанд шуд, ки дар он сироятшудагони вируси корона ва монанди он мавриди муоинаву муолиҷа қарор хоҳанд гирифт.

Дар айни ҳол теъдоди ба коронавирус мувоҷеҳшудагон дар Ӯзбекистон ба 65 нафар афзуд. Ахиран, яке аз зоирони ҳаҷи умра дар вилояти Фарғона боис шудааст, ки 4 нафар аъзои хонаводааш ба ин вирус сироят шаванд ва теъдоди сироятшудагони ин вирусро боз ба панҷ нафар боло барад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here