Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон то соати 23-00-и 7 июн 237 нафар шахси ба коронавирус сироятшуда муайян карда шудаанд, ки он дар тамоми муддати бақайдгирии беморон теъдоди рекордӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки 195 нафари онҳо дар шаҳри Тошканд ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин, аз ин теъдоди беморони навсироятшуда 20 нафарашон дар маркази карантин, 10 нафар дар вилояти Тошканд, 8 нафар дар вилояти Хоразм ва 4 нафари сироятшудагон дар вилояти Сирдарё шомили феҳрасти беморон шудаанд.

Ин манбаъ меафзояд, ки теъдоди умумии сироятшудагон 4331 нафарро ташкил мекунад. Аз онҳо саломатии 3371 нафар барқарор шудааст, вале боз 960 нафар мавриди муолиҷаи мутахассисону пизишкон қарор доранд.

Дар айни ҳол вазъи 6 нафар бемор вазнин ва аҳволи 2 нафар бемор хеле вазнин мебошад. То имрӯз дар Ӯзбекистон 17 нафар бемори ба коронавирус сироятшуда ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи сардори Идораи давлатии санитарӣ-эпидемиологии Ӯзбекистон ашхосе, ки аз кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, манбаи асосии пахши ин беморӣ дар байни мардуми кишвараш ҳастанд.

— Ҷои шубҳа нест, ки як гурӯҳи шахсони ба кишвар интиқолёбанда аз минтақаҳои ба коронавирус осебпазир меоянд, ё дар роҳ бо шахсони сироятшуда аз наздик мулоқот кардаанд. Ҳатто имкон дорад, ки ҳамроҳи ин гуна шахсон дар як ҷо чанд муддат зиндагӣ кардаанд. Дар ҳар як ҳавопаймои ҳомили шаҳрвандонамон то 80 нафар шахсони ба коронавирус сироятшуда муайян карда мешаванд, — мегӯяд Нурмат Отабеков.

Тавре ки сардори Идораи давлатии санитарӣ-эпидемиологии Ӯзбекистон афзуд, барои ҳамин ҳамаи ашхоси аз хориҷа баргашта як муддат дар маркази карантин нигоҳ дошта мешавад. Ба таъкиди Нурмат Отабеков, вақте ки дар бораи сироят нашудани онҳо маълумоти дақиқ ба даст омад, баъд онҳоро ба хонаҳояшон рухсат медиҳанд.

Ба ин тартиб, ҳамеша аз мардуми Ӯзбекистон тақозо мешавад, ки бидуни зарурат ба кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо набароянд. Агар бароянд, ба қоидаҳои гигиенӣ комилан риоя кунанд.

Дар ҳамин ҳол, барои мардуми як қатор минтақаҳои “сабз”-и ин кишвар иҷоза дода шудааст, ки бо теъдоди на беш аз 30-нафарӣ маросимҳои худро гузаронанд. Гуфта мешавад, ки дар сурати риоя накардани талаботи карантин шахсони гунаҳкор ба ҷарима кашида мешаванд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here