Дар Ӯзбекистон нусхаи асли дастнависи Абӯалӣ Сино интишор хоҳад ёфт. Ин нусхаи бузурги дастнависи аллома Абӯалӣ Сино дар китобхонаи Болоняи Италия маҳфуз мебошад. Дар ин бора ба мухбири “Фараж” сухангӯи   Агентии миллии “Ӯзбеккино” Барно Ӯнгбоева иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ин хонум директори Агентии миллии “Ӯзбеккино” ва раиси Ҷамъияти ҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ намудани мероси фарҳангии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов ин нақшаро дар ҳамкорӣ бо сафорати Италия дар Тошканд амалӣ карда хоҳад кард. Барно Ӯнгбоева афзуд, ки дар ин замина як филм низ ба навор бардошта мешавад.

— Дирӯз Фирдавс Абдухолиқов бо сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Андрео Бертосси дидору мулоқот намуд. Дар ин мулоқот роҷеъ ба он муколама сурат гирифт, ки яке аз намунаҳои “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон — дар куллиёти ҷаҳон” дар китобхонаи Италия маҳфуз мебошад ва аз рӯи он як китоб-албом, ҳамчунин филм ба навор бардоштан лозим аст, — мегӯяд сухангӯи Агентии миллии “Ӯзбеккино”.

Ба таъкиди Барно Ӯнгбоева сафири Италия ҷаноби Бертосси ибрози омодагӣ намуд, ки ҳар кумаки лозимаро дар ин ҷода ба дӯстони ӯзбекистонӣ мерасонад. Сафири Италия гуфтааст, ки барои алоқа намудан бо ховаршиносони маъруф ба осорхонаҳои Италия муроҷиат мекунанд. Хосатан, Донишгоҳи ховаршиносии Неаполи Италия робита барқарор менамоянд.

— Дар шаҳри Самарқанд олимони донишгоҳи Ла Сапиенсаи Рим тадқиқоти илмӣ бурда истодаанд. Фикр мекунам, ки ҳамкорӣ бо ин олимон метавонад дар тадқиқи дурдонаҳои мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар Италия аз наздик мусоидат намояд, — изҳор кардааст Андрео Бертосси.

Ба таъкиди ҷаноби сафир дар асрҳои миёна саёҳатҳои Марко Поло, тоҷирони Венетсия ва Генуя аз тариқи Роҳи бузурги абрешим барои Ғарб ва Шарқ вазифаи пулро анҷом додааст.

Дар ин миён раиси Ҷамъияти ҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ намудани мероси фарҳангии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов тазаккур додааст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур перомуни алломаҳои бузург, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино, филм ба навор бардоштан, интишор кардани албом-китобҳои нав барномарезӣ шудаанд. Ба навор бардоштани ин филмро бо студияи  Clan Production ва шабакаи телевизионии Бӣ-Бӣ-Сӣ анҷом хоҳанд дод.

— Дар баробари ин, мо талош дорем, ки аз рӯи нусхаҳои дастхатҳои зиёди ин алломаи бузург, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд, албомҳо ташкил кунем ва филмҳо ба навор бардорем. Ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти “Авитсена”-и Порис ва кумакҳои молии ширкати Eriell Group анҷом дода мешавад. Аммо нусхаи дастнависи Ибни Сино, ки дар китобхонаи Болоняи Италия маҳфуз аст, дар нашриёти “Mueller&Schindler”-и Утриш ба нашр мерасад, — гуфтааст Фирдавс Абдухолиқов.

Қобил ба ёдоварист, ки асари машҳури Абӯалӣ Сино “Қонунҳои тиб” ҳанӯз дар асри XV ба забони лотинӣ тарҷума шудааст ва ҳамон замон дар Аврупо баъд аз китоби “Инҷил” яке аз китобҳои бисёрнашр маҳсуб ёфтааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Дар акс нусхаи асари “Китоб-ул-наҷмат”-и Сино

Добавить комментарий