Бо фарорасии фасли сармо дар Ӯзбекистон дар Тошканд ва минтақаҳои атрофи он қатъ шудани қувваи барқ оғоз шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат бо Туркманистон дар бораи интиқоли қувваи барқ ​​ба ин кишвар шартнома бастааст. Ин боиси норозигии оммавӣ дар байни мардум гардидааст.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Ӯзбекистон, дар вилояти Фарғона, сокинони маҳаллӣ ба шоҳроҳ баромада, гузаргоҳро банд ва аз набудани газу рӯшноӣ эътироз кардаанд.

Қаблан тақрибан 70 нафар сокини шаҳраки Шортанбайи ноҳияи Нукуси Қарақалпоқистон роҳи мошинро банд карда, чархҳоро оташ заданд ва талаб мекарданд, ки интиқоли гази табиӣ ба деҳаи онҳо таъмин карда шавад. Дар вилояти Сирдарё ронандагон пас аз баста шудани истгоҳи сӯзишвории метанӣ, бо сабаби камбуди газ, роҳро бастанд.

Дар наворе, ки рӯзи 29-уми ноябр дар Фейсбук пайдо шуд, дида мешавад, ки чӣ гуна издиҳоми мардум аз нарасидани гази табиӣ ва барқ ба хашм омада, роҳи яке аз ноҳияҳои вилояти Андиҷонро бастанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи дар як қатор маҳалҳои шаҳрҳои Тошканд, Фарғона ва Самарқанд нарасидани барқ, газ ва кабуди дигари ниёзи мардум нашр мешаванд.

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов шахсони мансабдорро барои хатоҳо шадидан танқид кардааст. Вай гуфтааст, ки бо фарорасии ҳавои сард, бисёр минтақаҳо аз барқ ​​ва газ маҳруманд. Ба гуфтаи сарвазир, ҳоло ҳам бисёр мактабҳо аз дегҳои кӯҳнаи гармидиҳӣ истифода мекунанд. Вай қайд кардааст, ки мактабҳо, кӯдакистонҳо ва беморхонаҳо ҳоло ҳам ба ангишт ниёз доранд.

Барои ҳалли мушкилот бо норасоии нерӯи барқ ​​ҳукумати Ӯзбекистон бо Туркманистон дар бораи воридоти нерӯи барқ ​​дар солҳои 2019-2020 мувофиқа кардааст, хабар медиҳад хабаргузории давлатии UzA.

Байни ҶСК «Ӯзбекистон миллий электр тармокларӣ» ва корхонаи давлатии «Туркменэнерго» мувофиқа ҳосил шудааст. Ин ба кам кардани норасоии қувваи барқ ​​дар Узбакистон кӯмак хоҳад кард.

Норасоии нерӯи барқ ​​дар Ӯзбекистон аз ҳисоби воридот, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва Қазоқистон (оғози таҳвил аз Қазоқистон дар моҳи сентябр гузориш дода шуда буд, ки то охири сол тақрибан 1 миллиард киловатт-соат хоҳад буд) ҷуброн карда мешавад.

Инчунин, нерӯгоҳи барқи атомӣ, ки дар Ӯзбекистон сохта шуданаш ба нақша гирифта шудааст, бояд нерӯи иловагии барқро таъмин кунад (ба кор андохтани агрегати аввал то соли 2028 ба нақша гирифта шудааст).

Добавить комментарий