Бино ба хабарҳои расмӣ додситонии шаҳри Қӯқанди вилояти Фарғона ба депутати шӯрои шаҳр  Х.Н. барои пахши бардурӯғи видеоӣ дар бораи сироят шудани ду сокини он ба коронавирус парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Гуфта мешавад, вай қоидаҳои қарантинро, ки Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ ҷорӣ кардааст, қотеъона вайрон намудааст ва беасос мардуми шаҳри Қӯқандро ба ваҳму тарс мувоҷеҳ кардааст.

Дар хабари Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омадааст, ки Х.Н. аз тариқи шабакаи иҷтимоии “Телеграм” эълон кардааст, ки дар шаҳри Қӯқанд 2 нафар ба коронавирус сироят шудаанд. Онҳо дар айни ҳол зери назорати мутахассисон қарор доранд. Аммо ин хабар асоси воқеъӣ надорад ва дар ин шаҳр касе ба бемории коронавирус сироят нашудааст.

31 март додситонии шаҳри Қӯқанд мувофиқи банди 5-уми моддаи 244  Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз карда ва аз рӯи ин парванда тафтиш шурӯъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1 апрел теъдоди ба коронавирус сироятшудагон дар ин кишвар ба 173 нафар расидааст. Ҳамчунин, 8 нафар саломатии худро барқарор кардаанд ва ба хонаҳои худ рухсат шудаанд.

Аммо Вазорати тандурустӣ ибрози нигаронӣ мекунад, ки дар миёни аҳолӣ вайронкунандагони қоидаҳои қарантин ҳанӯз ба қайд гирифта мешаванд. Онҳо бидуни зарурат ба кӯчаҳо баромада, ҳатто баъзан бе бастани ниқоб дар кӯчаҳо ва миёни ҳавлиҳои биноҳои серошёна сайругашт мекунанд.

Гузашта аз ин, баъзе ашхос бо ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ худро интиқолдиҳандагони маводи мавриди ниёзи мардум муаррифӣ кардаанд ва мошинашонро барои иҷрои корҳои шахсӣ истифода бурдаанд. Ин амал низ зидди қоидаи қарантин мебошад ва вайрокунандагони қоидаи қарантин мавриди муҷозот қарор дода хоҳанд шуд.

Теъдоди одамоне, ки аз назорати қарантинӣ озод мешаванд, рӯз аз рӯз дар Ӯзбекистон  меафзояд. Як гурӯҳи 200-нафарии шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки аз шаҳри Сели Куриёи Ҷанубӣ баргаштаанд, аз қарантини 14-рӯза озод шудаанд. Онҳо дар яке аз тафреҳгоҳҳои вилояти Тошканд 14 рӯзи қарантини иҷбориро паси сар намуданд. Гуфта мешавад, аз қарантин боз 12 нафари дигар рухсат шуданд ва  ба хонаҳои худ баргаштанд.

Дар ҳамин ҳол яке аз миллиардерҳои ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов барои бунёди шифохонаи махсуси коронавирус 20 миллион доллар маблағ ихтисос додааст. Дар ин бора хабаргузории UzReport хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Алишер Усмонов алъон дар ватани аслии худ – Ӯзбекистон сукунат ихтиёр кардааст. Вай ба созмони иҷтимоии “Меҳру шафқат ва саломатӣ” ин миқдор маблағро ирсол намудааст. Бо ин маблағ дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд шифохонаи махсуси зидди коронавирус бунёд мегардад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Добавить комментарий