Дар Ӯзбекистон теъдоди ба коронавирус сироятшудагон 2741 нафарро ташкил мекунад. То кунун аз ин шумор саломатии 2245 нафар бемор барқарор шудааст. 517 нафар таҳти назорат ва муолиҷаи пизишкон қарор доранд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин манбаъ, ҳолати 7 нафар бемор хеле нигаронкунанда буда, як нафар дар ҳолати тамоман вазнин қарор дорад. То шоми 17 май шаҳрванди 12-уми Ӯзбекистон бар асорати ин бемории хатарнок ҷон дод.

Гуфта мешавад, ки ин бемор ронандаи мошини боркашест, ки аз Ӯзбекистон ба Русия бори гуногун мекашонд. Вай ин бор аз Русия ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аз тариқи марзи Тоҷикистон баргаштааст.

Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон мегӯяд, ин ронандаро фавран дар бемористони бемориҳои сироятии вилоят бистарӣ кардаанд. Пизишкон ба ин бемор ташхиси илтиҳоби шуш мондаанд ва барои барқарор кардани саломатии ӯ талош варзидаанд. Баъди вазнин шудани ҳолати бемор ӯро барои табобат ба шӯъбаи интенсивии бемориҳои дарунӣ интиқол додаанд. Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди муолиҷаҳои пай дар пай ва додани нафаси сунъӣ ҳолати ин бемор рӯ ба беҳбуд наовардааст ва дар кати бемористон ӯ аз илтиҳоби шуш ҷон бохтааст.

Тибқи хабарҳои расида дар ин шаборанӯз вазъияти эпидемиологӣ дар шаҳри Самарқанд каме боиси нигарониҳо шудааст. Дар ин шаҳр боз як гурӯҳ аз озмоиш гузаштаанд ва дар онҳо нишонаҳои бемории коронавирус муайян шудааст.

Ба иттилои Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон дар ноҳияҳои Тайлоқ, Оқдарё, Пойариқ, Иштихон ва маркази маъмурии вилоят – шаҳри Самарқанд сарчашмаи пайдоиш ва пахши ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ин манбаъ меафзояд, ки ҳамаи сироятшудагони ин беморӣ ба ронандагони мошинҳои борбари байналмилалӣ марбут мебошад. Дар маҷмӯъ теъдоди сироятшудагони ин беморӣ 281 нафар буда, аз ин шумор 154 нафар баъди барқарор кардани саломатии худ бемористонро тарк кардаанд. Дар ҳамин ҳол вилояти Самарқанд баъди шаҳри Тошканд аз рӯи теълдои беморони ба коронавирус сироятшуда дар ҷои дуюм қарор дорад.

Тибқи хабарҳои расида, боз як ҳавопаймои хатсайри чартерӣ аз Сингапур ва Малайзиё 237 шаҳрванди Ӯзбекистонро ба Тошканд интиқол додааст. Гуфта мешавад, интиқоли шаҳрвандони ин кишвар аз соири мамлакатҳои дуру наздик, воқеъ дар Аврупо ва Осиё, идома хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Добавить комментарий