Ӯзбекистон ва Қазоқистон қарор аст дар соли ҷорӣ дар мавриди густариши ҳамкориҳои низомӣ қарордод имзо кунанд.

Котиби Шӯрои амнияти Ӯзбекистон Виктор Маҳмудов дар шаҳри Остона бо вазири мудофиаи Қазоқистон Сакен Жасузаков вохӯрӣ ва гуфтугӯ кардааст. Дар ин дидор тарафҳо масъалаҳои ҷорӣ ва чашмандози ҳамкориҳои низомии байни 2 кишварро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Гуфта мешавад, ки дар асоси ин ҳамкориҳо дар соли ҷорӣ қарордоде дар мавриди густариши беш аз пеши ҳамкориҳои низомии байни 2 кишвар имзо мешавад.

Аввал ин ҳафта Сакен Жасузаков дар Тошканд бо вазири мудофиаи Ӯзбекистон Қабул Бердиев дидор ва дар мавриди густариши ҳамкориҳои низомии байни 2 кишвар гуфтугӯ кард. Дар поёни ин дидори дуҷониба тарафҳо барномаи ҳамкории низомӣ дар мавзӯоти мухталифро ба имзо расонданд. Чунин қарордод дар таърихи равобити дуҷонибаи мақомоти низомии Ӯзбекистон ва Қазоқистон бесобиқа будааст. 

Добавить комментарий