Як зани сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар натиҷаи даъво бо марде аз шаҳри Бӯстони ҳамин вилоят ӯро ба қатл расонидааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.

Ин зани 49-сола шаби 15 ба 16-уми ноябри соли 2017 бо марди 58-солаи сокини шаҳри Бӯстон муноқиша кардааст ва бо истифода аз таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ ду маротиба ба сараш задааст. Пас аз ин амал ӯ ҷойи ҳодисаро тарк кардааст. Дар натиҷаи ин зарбаҳо мард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Кормандони милитсия бо доир кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин зани 49-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ҳамчун гумонбар ин ҷинояти мудҳиш дастгир кардаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here