Дар як кӯчаи пойтахт, дар ҳавлие, шабона зани 61-солае кушта шудааст, ки гуфта мешавад аз ҷониби ҳаммаҳаллааш ба қатл расонида шудааст.  

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 30-солаи сокини кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви пойтахт муроҷиат кардааст, ки 1-уми октябри соли 2018, тахминан соатҳои 02:30, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматиашон шуда, модараш зани 61-сола, зодаи ноҳияи Ванҷ, сокини кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоевро зери лату кӯб қарор дода, бо олоти халандаю бурранда 3 маротиба ба қисми чапи гарданаш задаанд.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 74-солаи зодаи ноҳияи Ванҷ, сокини кӯчаи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий