Заминҷунбии шадид бо 7.1 дараҷаи Рихтер дар Мехикоситӣ боис фурӯ рехтани сохтмонҳои бисёре дар ин шаҳри Мексика шудааст.

Рейтерс хабар медиҳад, ки рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ як заминҷунбии бузург ба қудрати 7.1 дараҷаи Рихтер Мехико — пойтахти Мексика ва чанд шаҳри дигари ин кишварро ларзонд. Маркази ин заминларза дар 120 километрии пойтахти Мексика будааст.

Бар асоси ин гузориш, бисёре аз сохтмонҳо фурӯ рехтаанд ва мардум зери он мондаанд, аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки чӣ теъдод аз мардум дар зери харобаҳо гирифтор шудаанд.

Тасвирҳои расонаҳои маҳаллӣ нишон медиҳанд, ки сохтмонҳои зиёде хароб шудаву мардум дар кӯчаву хиёбон ҳастанд.

Дар аввалин омор эълон шуд, ки ҳадди ақал 5 нафар дар ин заминларза кушта шудаанд, аммо баъдтар гуфта шуд шумораи ҳалокшудагон ба 200 нафар мерасад. Комиссияи барқи федерали Мексика мегӯяд, ки баъд аз замиҷунбӣ ҳудуди 3.8 миллион нафар бе барқ ҳастанд.

Расонаҳои маҳаллии Мексика ҳамчунин гузориш доданд, ки бар асари заминларза вулқони оташфишоне, ки дар наздики маркази зилзила қарор дорад низ фаъол шуда ва аз даҳонаи он хокистару дуд дар ҳоли фаввора задан аст.

То кунун байни 50 то 60 нафар тавассути гурӯҳҳои имдодӣ зинда аз зери вайронаҳо берун кашида шудаанд.

Добавить комментарий