Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии гузинаи таҷдидшудаи “Tcell-и ман”- “Мой Тсеll” эълон кард. «Tcell-и мaн» ин дафтари шахсии шумост, ки дар он ҷо метавонед хароҷот, тафсилоти фармоиш ва идоракунии хизматрасониҳои Tcell-ро дар реҷаи воқеъӣ идора намоед.

Истифодаи барнома хеле соддаву  оддӣ аст ва муҳимтар аз ҳама, зарурати муроҷиати муштариёнро ба марказҳои хизматрасонӣ ва тамос бо хадамоти маълумотдиҳӣ рафъ менамояд.

Акнун, бо туфайли барномаи “Tcell-и ман” дар ҳар куҷо, ки набошед, имкони ҳалли мушкилоти пешомада ба сурати оҷилу зуд фароҳам меояд! Идоракунии хизматрасонӣ ҳеч гоҳ ин гуна осон набуд: барои худ нархномаи беҳтаринро дарёфт кунед ва онро танҳо бо як клик ба барнома пайваст намоед! Ва агар Шумо ягон савол дошта бошед,  метавонед дар чати онлайн бо мушовирони ширкати Тсеll тамос бигиред. Барнома бо функсияи пур кардани тавозун тавассути ​​ ҳамёни мобилии TeзСум ва ё аз корти “Корти миллӣ” муҷаҳҳаз буда, имкони дархости “Пардохти муваққатӣ” низ мавҷуд аст.

Замима барои боргирӣ дар Google Play (https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.tcell.odp) ва App Store (https://apple.co/2u4nrl1) дастрас буда, ҳамчунин бо нишонии http://my.tcell.tj аз утоқи инфиродӣ онро насб кардан мумкин аст.
Барои муштариёни Tcell истифодаи барномаи «Tcell-и ман» ройгон аст!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here