Дар шаҳри Березовскийи Екатеринбург корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми дастгир намудани муҳоҷири тоҷик ӯро бо тапонча захмӣ кардааст.

Бино ба иттилои расонаи «Новый день» полис «бо шавқу рағбат» дастгиршударо «масхара намуда», маҳорати тирпарони худро ба муҳоҷири тоҷик нишон дода, сари муҳоҷирро бо тир захмӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки нисбати ин корманди полис парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 116-уми Кодекси ҷиноятии Русия, барои «лату кӯб» оғоз гардида, баъдан аз тарафи Раёсати тафтишотӣ тағироти иловагӣ ворид карда шудааст.

Аввали моҳи август собиқ корманди полис бо моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Русия банди «а», қисми 3,  айбдор дониста ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Айни замон номбурда дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ҳолатҳои кор идома дорад.

Далелҳо, ки аз тапонча тир холӣ карда шудааст, аз ҷониби полис тасдиқ карда шуд. «Айни замон, корманди полис аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуда, нисбати фармондеҳи мустақим ва сардори шӯъбаи полиси Брезовский санҷиш идоам дорад», — иттилоъ медиад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Свердловск.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар сурати тасдиқи пурраи ҳодиса сардори шӯъбаи полиси Брезовский генерал-лейтенант Сергей Матвиенко аз вазифа озод карда хоҳад шуд.

Добавить комментарий