Як ҳавопаймои «Боинг 737»-и ширкати ҳавоии «Лион Айр» бо 188 сарнишин баъд аз бархостан аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезӣ дар болои баҳр суқут кард.

Ин ҳавопаймо қарор буд аз пойтахт ба мақсади шаҳри Пангкалпинанг парвоз кунад. Чанд дақиқа баъд аз баланд шудан аз хатти парвоз иртиботи ин ҳавопаймо бо бурҷи назоратӣ қатъ шудааст. Охирин хабаре, ки аз ин ҳавопаймо монда, парвози он аз рӯйи баҳр аст. Мушаххас нест, ки касе аз ин садама ҷон ба саломат бурдааст, ё на. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймои суқуткарда нав будааст.

Мақомот гуфтаанд, ки сарнишинҳои ин ҳавопаймо 178 бузургсол, як навзод, ду кӯдак, ду халабон ва панҷ хадамаи парвоз буданд.

Раиси Агентии ҳолатҳои изтирории Индонезӣ аксҳои тиккарезаҳои бозмонда аз ҳавопайморо нашр кардааст.

Добавить комментарий