Як ҷавони 17-сола дар шаҳри Архангелск дар ғарби Русия пас аз вуруд ба дафтари Хадамоти федералии амнияти ин кишвар (ФСБ) маводи ҳамроҳи худро мунфаҷир кардаву кушта шудааст.

Дар ин ҳодиса, ки субҳи дирӯз рӯй дод, се корманди ФСБ захмӣ шудаанд. Инфиҷор ҳамчунин боиси ворид шудани хисороти ҷиддӣ ба сохтмон шудааст.

Пеш аз таркиш нафаре бо номи «Валерян Панов» дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳое дар бораи ФСБ гузошта, иддао кардааст, ки ин ниҳод барои мардум «парвандасозӣ мекунад ва онҳоро шиканҷа медиҳад», аз ин рӯ мехоҳад, ки дар он ҷо як амалиёт гузаронад.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки бар асоси далелҳои дастрасшуда ҷавони худро тарконда як сокини маҳаллӣ будааст, ки аз ӯ Михаил Жлобитский ном бурда мешавад. Модарбузурги ӯ ба расонаҳо гуфтааст, ки намедонад чаро наберааш даст ба чунин коре зада бошад: «Ӯ на машруб мехӯрду на сигор мекашид, ҳарфи бад ҳам намезад. Ҳамеша ба дарсҳояш мерафт. Аслан намефҳмам чӣ гап шуда бошад».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here