Дар маҳфили навбатии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» муҳаққиқ Муҳтарам Ҳотам дар мавзӯи «Вожаи «тоҷик» дар сарчашмаҳои бостон» андешаронӣ намуда, ҳамчунин таърихи қадимии тоҷиконро дар замони бостон шарҳу тавзеҳ дод.

Дар маҳфил намояндагони ВАО-и кишвар, олимон, таҳлилгарон, муҳаққиқон, адибон ва намояндагони сафоратҳои муқими кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон иштирок доштанд. Нахуст профессор Иброҳим Усмонов — раиси Фонди «Гуфтугӯи тамаддунҳо» меҳмони навбатиро ҳамчун яке аз муҳақиқони таърихи қадимаи халқи тоҷик, яке аз муҳаққиқони вожашинос ва маъхазшиноси барҷастаи  халқи тоҷик муаррифӣ намуд.

Муҳтарам Ҳотам дар оғози маҳфил ба донишманд Иброҳим Усмонов ҷиҳати фароҳам овардани чунин як маҳфил бо иштироки рӯшанфикрон, арзи сипос намуда, чанд китоби навиштаашро доир ба таърихи тоҷикон номбар намуд, аз ҷумла «Эрони гумшуда» (2012), «Ҳинди гумшуда» (2014), «Ҳисор дар бомдоди таърих» (2012), «Помир — таърихи гумшуда» (2018),  «Тоҷик» ва ғайра. Ӯ гуфт: «Яъне дар ҷараёни таҳқиқоти худ доир ба таърихи тоҷикон бо вожаи «тоҷик» рӯбарӯ омадам ва бинобар ин, андешаи худро дар мавриди вожаи «тоҷик» дар шакли мақолаҳову китоби алоҳида бо номи «Тоҷик» нашр намудам.

Тавре маълум аст, дар дунё кам номи миллате ҳаст, ки бе баҳс бошад. Масалан, дар бораи вожаи «рус» 35 назари олимони кишварҳои хориҷӣ ва рус вуҷуд дорад ва аз ҷумла банда низ доир ба вожаи «рус» андешаамро дар шакли мақола баён намудаам. Ҳамчунин вожаҳои «немис», «турк», «қазоқ» ва ғайра дар сарзаминҳояшон қобили баҳс аст. Яъне ҳеҷ вожаи миллие вуҷуд надорад, ки сад дар сад пазируфта шуда бошад, дар қатори инҳо вожаи «тоҷик» низ. Дар мавриди вожаи «тоҷик» мақолаҳои зиёд ва андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Ҳатто дар ин маврид таҳқир ҳам вуҷуд дорад. Вожаи «тоҷик», ки аз «тоҷ» ба вуҷуд омадааст, қобили  баҳс нест ва «тоҷ» тавре маълум аст ин нишонаи шоҳ мебошад. Вале «тоҷ» аз куҷо ба вуҷуд омад? Ин баҳси имрӯзаи моро ташкил мекунад. Азбаски ман бо забонҳои авестоӣ ва санскрит ошноӣ дорам ва вожаҳои бисёри ин забонҳоро медонам бо калимаи «рта» дар бисёр асарҳо вохӯрдаам. Ин калима маънои гуногун дорад ва аз ҷумла маънии аслии он, ки дар бисёр сарчашмаҳо омадааст «ростӣ» мебошад. Агар ба таърихи қадим назар афканем, дар Муғилистон то Фаронсаву Испания номи маҳалҳо бо вожаи «арта» ва «арата» бисёр мебошанд. Масалан, яке аз давлатҳое, ки дар ҳазораи ҳаштум дар соҳили баҳри Сиёҳ дар ҳудудҳои кунунии Украина вуҷуд дошт Арата ном дошт, ки он низ аз вожаи «арта» баргашт намудааст ва олимони украинӣ ин давлатро давлати қадимтарин мешуморанд. Ҳамчунин имрӯз низ дар ҳудудҳои Тоҷикистон бо ин калима чандин минтақаҳо вуҷуд дорад. Масалан, Артӯч ва ҳатто Ӯротеппа низ яке аз шаклҳои «артапа» аст. Яъне чи гунае, ки гуфтем маънии аслиаш «ростӣ», «қонун», «давлат» ва «сарзамин» аст. Таърихи дунёи қадим ба шаклҳои гуногун калимаи «арта»-ро бисёр истифода бурдааст. Ҳамин гуна ҳамаи қавмҳои ориёӣ худро бо вожаи муқаддаси «арта», ки низоми коинот ва ростӣ буд, мансуб медонистанд ва худро бо низоми кайҳон ҳамоҳанг месохтанд. Яъне бо низоми ростии кайҳон, бо адлу дод ва ғайра. Вожаи «рта» бо шаклҳо ва гунаҳои мухталиф бо пасванду пешванҳои гуногун аз ҷониби онҳо истифода мешуд ва шаклҳое ба монанда «рта», «арта», «артак», «артакзик», «артамзик» ва шаклҳои гуногуни дигар дар номаҳои бостонии кишварҳи зиёд, аз ҷумла Тибет ва санскрит вуҷуд доранд. Ба шарофати номаҳои Тибети бостон, ки мансуб ба дини Бон мебошанд (ин дин имрӯз низ дар Тибет ва дар бисёр кишварҳои шарқи дури Русия вуҷуд дорад, бо номи Бомпо) вожаи «тоҷик» маҳфуз монд. Паёмбаре, ки гӯё дини Бомпоро бунёдгузорӣ намуд бо забони тибетӣ «Томпа Шенграт Меоче» ё «Томпа Шенграт» ном дошт.  Дар ин бора олимони гуногуни кишварҳои имрӯзаи олам навиштаанд.

Муҳтарам Ҳотам ба сарчашмаҳои тибетӣ такя намуда, сукунати тоифаҳои ориёиро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар кишвари Таҷиг (Тоҷик) ба ҳаждаҳ ҳазор сол (!) пеш аз ин тазаккур намуд. Ӯ гуфт: “Ин далелҳо ба шарофти навиштаҳои муътақидони яке аз куҳантарин ойинҳои дунё Бон, ки имрӯз дар Тибет нуфуз ва пайравони зиёд дорад, боқӣ  мондаанд.

Ба қавли ӯ «Тонпа Шенраб Миво (Мивоче) ҳаким, омӯгор ва асосгузори ин ойин аз кишвари Олмо Лунгринг буддааст, ки ин кишвар як қисмати сарзаминеро бо номи Таҷиг ташкил медодааст. Тамоми муҳаққиқони ойини Бон, азбаски шарҳи холи Тонпа Шенраб Миво муфассал дар дасташон қарор доштааст, дар таъйини ҷуғрофиёи ин ойин ва шахсияти таърихӣ будани пешвои он ба мувофиқа расидаанд. Тибқи таъйиноти олимон ва навиштаҳои нақшаву сарчашмаҳои тибетӣ кишвари Олмо Лунгринг бо номҳои Таҷиг, Тазиг, Тагзиг ва Татсиг дар самти ғарбии Тибет воқеъ будааст. Ба қавли яке аз муҳаққиқони ин ойин Ваҷранатҳа (Ҷон Рейнолдс) ҳамчунин донишмандони дигар ин кишвар Тоҷикистони кунунӣ ва минтақаҳои атрофи онро дар бар мегирифтааст. Олими мазкур аз ҷумла менависад: «Олмо Лунгринг – воқеъ дар ғарби Тибет, як қисмати сарзамине бо номи Тесиг ба шумор мерафт, ки мувофиқи назари баъзе олимони муосир ба Порс ва Тоҷикистон айният мегирад. Олмо Лунгринг аз се як ҳиссаи ҷаҳони мавҷударо дар бар гирифта, шакли нилуфари шукуфтаи ҳаштбаргаро дошт, ки ба сурати чархи ҳаштдандонадор зоҳир гаштааст. Дар маркази Олмо лунгринг кӯҳи Юнгдрунг Гутсег, «Свастикаи Нуҳ Аҳром» қад кашидааст. Свастика рамзи абадият ва вайроннопазирӣ буда, нуҳ свастика дар якҷоягӣ рамзи нуҳ тариқати Бон мебошанд».

Ҳамчунин муҳаққиқ Муҳтарам Ҳотам ба пурсишоти иштирокдорон доир ба мавзуъ ба овардани далелҳо муътамад посух дод.

Добавить комментарий