Имрӯз, соати 11:30, сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки савори мошини КАМАЗ буданд, дар роҳи ҳаракати мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Ворух, маҳаллаи Қалъача Ғанизода Шаҳбоз, соли таваллудаш 1991, ки дар самти Исфара – Ворух ҳаракат дошт, дар ҳудуди даромадгоҳи деҳаи Оқсой барқасдона монеъа эҷод кардаанд.

Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар ин бора хабар дода мегӯяд, ки онҳо ронандаи тоҷикистониро барои роҳ надодан ба мошини КАМАЗ муттаҳам ва мошини ӯро сангборон кардаанд, ки дар натиҷа шишаи мошин шикастааст. Ғанизода Шаҳбоз бо ҳамроҳии модару кӯдаки 6-7 солааш, инчунин як хешаш аз шаҳри Исфара ба Ворух бармегаштанд. Тавре аз маълумоти фаврӣ бармеояд, кӯдаки 6-7 солаи Ғанизода Шаҳбоз аз ин ҳодиса ва даҳшатнокии амали қирғизҳо сахт тарс хӯрдааст ва ӯро барои муоина ба беморхона бурдаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара ба таҳқиқи ин ҳодиса оғоз кардаанд.

Амали тарҳрезишуда будани ин қазия дар он зоҳир мегардад, ки баъд аз 10-15 дақиқаи рух додани ин ҳодиса кормандони васоити ахбори умуми Қирғизистон дар деҳаи Оқсой барои инъикоси он ҳозир мешаванд.

Ин амали барқасдона ва иғворгаронаи ҳамсояҳои моҷароҷӯ дар арафаи Иди Фитр боиси озурдахотирӣ ва нороҳатию изтироби сокинони деҳаи Ворух гардидааст.

Добавить комментарий