Яке аз пурҳаяҷонтарин бозиҳои дидании футбол вохӯрии дастаҳои «Ривер Плейт» ва «Бока Хуниорс» дар Аргентина аст, ки мухлисони футбол бар сар то сари ҷаҳон онро тамошо мекунанд.

Вохӯрии якуми финалӣ байни ин дастаҳо дар Ҷоми Либертадорес бо натиҷаи 2:2 ба охир расид. Вохӯрии ҷавобӣ бояд 24-уми ноябр баргузор мешуд, аммо бо далели бетартибиҳо дар майдон онро чанд соат мутаваққиф карданд, сипас ба рӯзи дигар гузаронданд. Рӯзи дигар ҳам баргузор нашуд ва то дирӯз маълум набуд, ки ин вохӯрӣ кай баргузор мешавад. Танҳо ҳамин маълум аст, ки 8 ё 9-уми декабр берун аз ҳудуди Аргентина ба нақша гирифта хоҳад шуд.

Добавить комментарий