Имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон, таҳти раӣёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим  Салимзода дар Ҷумҳурии Япония бо ноиби аввали президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония хонум Сузукӣ Норико мулоқот кард. 

Дар мулоқот миёни ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонум Сузукӣ Норико дар бораи робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо, раванди баррасӣ ва татбиқи тарҳҳои муштарак бо саҳми Ҳукумати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Роҳбари ҳайати парлумонии Тоҷикистон Олим Салимзода зимни изҳори сипос ба роҳбарияти «JICA» зарурати ҷалби бештари имкониятҳои дуҷонибаи истифоданашударо ба соҳаҳои муҳими Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ татбиқи босамари Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешниҳод намуд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо сурат гирифт.

Худи ҳамин рӯз, ҳайати парлумонии кишвар аз Осорхонаи Эдои Токио ва Манораи телевизионии “Tokyo SkyTree” (Дарахти осмонбӯси Токио) ба мақсади пайдо кардани шиносоӣ аз таърих, тамаддун, фарҳанг, дастовардҳои даврони Императори Эдо ва имкониятҳои сайёҳии Япония боздид намуданд.

Худи ҳамин рӯз ҳайати партумонии Тоҷикистон, таҳти раӣёсати Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим  Салимзода дар Ҷумҳурии Япония бо аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония бо иштироки ҳайати парлумонии ду кишвар  мулоқот кард.

Дар мулоқот вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония — Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Япония ва Тоҷикистон Кэйҷӣ ФУРУЯ, вакили Палатаи машваратчиён — роҳбари масъули гурӯҳи дӯстӣ профессор Кейзо ТАКЕМӢ, вакили Палатаи намояндагон — муовини раиси гурӯҳи дӯстӣ Масаҳиро ИМАМУРА ва вакили Палатаи намояндагон — муовини раиси гурӯҳи дӯстӣ Ҳаҷиме САСАКӢ иштирок карданд.

Аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумони ду кишвар ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро хуб арзёбӣ намуда, баҳри татбиқи тарҳҳои бештари муштарак дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

Добавить комментарий