Бисёриҳо миёни вирус ва боктерӣ фарқ намегузоранд ва ба иштибоҳ онҳоро яке медонанд, яъне як мавҷуди барои ҷисми инсон зараррасон. Дар ҳақиқат вирус ва боктерӣ метавонанд бадани инсонро мубтало ба беморӣ кунанд, аммо бо ҳам умумият ва тафовутҳое доранд. Ин наздикӣ ва тафовутро вебгоҳи Бемористони Ибни Сино шарҳ додааст.

Умумияти вирус ва боктерӣ дар он аст, ки ин мавҷудот ҳарду чунон хурду рез ҳастанд, ки танҳо зери микроскоп мешавад онҳоро дид. Ҳарду ҳам хусусиёти зуд паҳншавиро доранд. Аммо дар баробари ин аз назари биологӣ аз ҳамдигар куллан фарқ мекунанд. Мутахассисони соҳа чанд тафовути аслӣ миёни боктерӣ ва вирусро муайян кардаанд:   Боктериҳо мавҷудоти зинда ба шумор мераванд ва аз як ҳуҷайра таркиб ёфтаанд. Ин ҳуҷайра тамоми муҳтавиёти барои ҳаёташ лозимаро доро мебошад ва ба таври мустақилона худро таъмин мекунад. Вежагии женетикии ҳуҷайра ин аст, ки протеин тавлид мекунад ва протеин дар навбати худ, хӯроки асосии боктериҳо мебошад. Боктериҳо метавонанд боиси эҷоди бемориҳои зиёди хатарнок дар бадани инсон гарданд. Бемориҳои вабо, сил, дифтерия ва ғ. аз ҷумлаи ин бемориҳоянд. Аммо ҳамаи боктериҳо барои инсон зарарнок нестанд. Миёни онҳо боктериҳои фоидаовар низ вуҷуд доранд. Масалан, боктериҳое дар рӯда ҳастанд, ки барои ҳазми хӯрок ва фаъолияти мӯътадили системи гуворишӣ нақши муҳим доранд ва вуҷуди онҳо дар ҷисми инсон бисёр муҳим аст.  Аммо бо боктериҳои зараррасон ба ҷисми инсон бояд мубориза бурд. Дар тибби муосир яке аз роҳҳои аслии мубориза бо боктериҳои зараррасон антибиотикҳо мебошанд.

Вирусҳо бошанд, мавҷудоти зинда нестанд. Онҳо қитъае аз оксид мебошанд, ки даруни пӯшиши протеинӣ пинҳон шудаанд. Ба хотири ҳамин ҳам вирусҳо наметавонанд мустақиман барои худ энержӣ ва ғизо тавлид кунанд ва бо ҳам зоду валад дошта бошанд. Бинобар ин, паҳншавии вирусҳо аз паҳншавии боктериҳо фарқ мекунад. Вирусҳо бо кумаки ҳуҷайраҳои дигар паҳн мешаванд. Онҳо вежагиҳои ирсии худро ба ҳуҷайраҳои дигар интиқол дода, барномаи ин ҳуҷайраҳоро ба ҳам мезананд. Вирусҳо бо як «фиреб» коре мекунанд, ки ҳуҷайраҳои мизбон пас аз он, танҳо зарроти вирусӣ тавлид мекунанд. Ҳуҷайраҳо фиреб хӯрда, ҳаҷмашон бузург гардида метарканд ва дар натиҷа вирусҳои нав озод мешаванд. Ҳар вирус ба ҳуҷайраҳои мизбони муайяне таъаллуқ мегирад.  Вирусҳо на танҳо ба инсон, балки ба гиёҳон, ҳайвонот ва ҳатто ба боктериҳо ҳам ҳамла мекунанд. Вирусҳо бисёр хурдтар аз боктериҳо буда, ҳаҷми онҳо танҳо як садуми ҳаҷми боктериҳоро ташкил медиҳад. Мубориза бо вирусҳо ҳам мушкилтар аст. Инҳо, чун мавҷуди зинда нестанд, кушта ҳам намешаванд. Дар тибби муосир алайҳи онҳо бештар доруҳои зиддивирусӣ ва воксинро истифода мебаранд. Ин доруҳо монеъи афзоиши вирусҳо шуда, аз вуруди онҳо ба ҳуҷайраҳои мизбон ҷилавгирӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, табибон ҳангоми бурузи уфунати вирусӣ, гоҳе антибиотикҳоро низ мавриди истифода қарор медиҳанд. Далелаш ин аст, ки замоне як фард олуда ба вирус шуд, системи дифоии баданаш заъиф мегардад ва боктериҳо роҳаттар вориди бадани ӯ мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here