«Шумо бояд онро хӯред, то онро латукӯб кунед», — ин фалсафаи як сарпарасти мағозаи хуроктайёркунии шаҳри Ҳаной будааст, ки мехостааст дар пойтахти Ветнам тавассути фурӯши бургерҳои сабз ва монанд ба коронавирус руҳияи шаҳрвандонро бар зидди коронавирус баланд бардорад.

Бар муқобили пандемияи ҷаҳонӣ, ошпаз Хоанг Тунг ва дастаи ӯ вақти худро дар таҳияи даҳҳо кулчаи бургерии рангкардашуда бо «тоҷҳои» аз хамир сохташуда ва монанд ба тасвирҳои микроскопии вирус мегузаронанд, менависад Рейтерс.

Тунг гуфтааст, ки баъд аз истеъмол кардани як коронабургер дар шакли вирус аллакай худи коронавирус дар назар даҳшатнокиашро гум мекунад ва ин тарзи фикрронӣ ба дигарон дар ин пандемия хурсандӣ меорад.

Тибқи иттилои Рейтерс то имрӯз дар  Ветнам 148 ҳодисаи сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти давлатӣ дар шаҳри Ҳаной фармон додаанд, ки ҳамаи корхонаҳои ғайриҳатмӣ баста шаванд, гарчанде ки баъзе нуқтаҳои хӯрокворӣ, аз ҷумла дӯкони савдои Тунг, то ҳол кушода будааст.

Рейтерс менависад, ки ба гуфтаи ошпаз Тунг  коронавирус бисёр хатарнок аст, аммо агар мо як бургерро дар шакли вирус хӯрем, дар шуурамон худро аллакай ғолиб мешуморем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here