Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода мегӯяд, коргарро наомӯхта аз кор рондан наметавонад ва барои ин ҳуқуқ надорад.

Ин андешаи вазир дар робита ба изҳороти охири муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Гурез Қосимзода дар мавриди ҷой доштани баъзе қонуншиканиҳо вобаста ба фаъолияти тӯлонии роҳбарон дар сохторҳои маҳаллии вазорат мебошад.

Қаҳҳорзода, ки имрӯз, 15-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон посух медод, гуфт, қонунгузории кишвар ҷойивазкунии кормандонро пешбинӣ кардааст ва бояд роҳбарият дар давоми панҷ сол иваз карда шаванд.

— То ба вазифаи вазири молия таъйин шудани ман қисматҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ бо иштироки шахсони масъули Агентии хизмати давлатӣ, намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар аллакай аз атестатсия гузаштанд ва коргузорӣ дар ин самт ба роҳ монда шуда буд. Танҳо дар вилояти Хатлон фарогирӣ нашуда буд. Моҳҳои охири соли гузашта бо роҳбарии муовини аввали вазири молия атестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ки дар сохторҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолият доштанд, гузаронида шуд. Натиҷаҳои он дар дасти мо ҳаст. Ба нафароне, ки солиёни зиёд дар соҳа кор кардаанд, вобаста ба натиҷаи фаъолияташон, ҷойивазкунӣ сурат мегирад. Ин иқдомро вазорат то охири моҳи феврал ва шояд моҳи март дар ҳама сохторҳои маҳаллӣ ба анҷом мерасонад, — гуфт вазир.

Қаҳҳорзода бо ишора ба он, ки ҳамагӣ як сол дар мансаби вазирӣ аст, гуфт якбора тағйир кардани кадрҳо ҳам боиси ба таври дигар баҳодиҳӣ аз тарафи расонаҳо мешуд: «Агар меомадему сад нафарро иваз мекардем, мегуфтанд, ки вазири молия таъйин шуду нафарони наздики худашро оварда, дар вазифаҳо таъйин кард. Мо ин корро накардем. Мо омӯхтем, ҳама маълумотҳоро рӯи даст дорам, ки кӣ чанд сол фаъолият кардааст».

Вазир гуфт, дар сохтори вазорат шахсони варзидаи соҳа ҳам ҳастанд ва вобаста ба касбияташон аз онҳо ҳатман бояд истифода бурда шавад.

«Хизмати давлатӣ аст ва муқаррароти қонун ҳатман таъмин ва риоя карда мешавад».

Ба маълумоти Агентии хизмати давлатӣ, дар Вазорати молия таҳлили се соли охир нишон додааст, ки дар дастгоҳи марказии вазорат аз 52 ҷойи холӣ 6 ҷой ба мансабҳои категорияи якум ва 3 ҷой ба мансабҳои категорияи дуюм рост омада, имконияти ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби захираи кадрҳо мавҷуд аст. Аммо бо вуҷуди таҳия гаридани рӯйхати ҳарсола, ягон нафар аз захираи кадрҳо ба мансаби баландтар таъйин карда нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here