Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи чор фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан сурат мегиранд. Замони баргузории имтиҳонҳо аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 муқаррар шудааст, хабар дод дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Пештар Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус шурӯъ аз 27-уми апрел таҳсил дар муассисаҳо ва таълим дар кӯдакистонҳоро барои андешидани корҳои зиддиуфунӣ ба муҳлати даҳ рӯз қатъ карда, бо тасдиқи вуҷуди вирус дар Тоҷикистон муҳлати онро бештар кард ва хонандагонро пеш аз муҳлат ба таътил фиристода, донишҷӯёнро низ аз 4-уми май ба таътили тобистона фиристод.

Ба иттилои Вазорати маориф дарси муассисаҳои таълимӣ дар соли хониши нав қарор аст, ки  13 рӯз пеш аз муҳлат, 17-уми август оғоз шавад.

Добавить комментарий