Тибқи нишондоди вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, ки зимни нишасти матбуотии вазораташ, субҳи 6-уми феврал пешниҳоди хабарнигорон гардид, соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ 10 ҳазору 700 чорабинии гуногун доир гардиданд, ки ҳадафи онҳо  ғанӣ гардонидани фарҳани волои халқи тоҷик буданд.

Соли сипаригардида ба таври маҷбурӣ ҷалб гардидани мардум ба “маршировка” норозигии донишҷӯёни макотиби миёна ва олии кишварро ба миён овард. Дар робита ба масъалаи “маршировка” дар ҷараёни нишаст вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода таъкид кард, ки “маршировка”-и маҷбурии донишҷӯён дар маъракаҳои соли 2020 қатъиян манъ гардидааст.

Муовини аввали вазир Обидҷон Назариён гуфт, ки мо соли 2018 бо ректорони донишгоҳҳо дар масъалаи “маршировка” ҷаласа доштем.

— Масъалаи иштироки донишҷӯёнро бо маршировка бо донишгоҳҳои кишвар баррасӣ кардем. Тибқи хулосаи ба мувофиқарасида, хоҳишмандони иштирок дар чорабиниҳои давлатӣ бидуни маҷбуркунӣ баъд аз анҷоми дарс ба маршировка ҷалб карда мешаванд, — афзуд Обидҷон Назариён.

Вале ҳамасола бо баробари шурӯи маъракаҳои давлатӣ, “маршировка”-и  маҷбурии донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар,  мавҷи норозигии онҳоро ба миён меорад ва бинобар сабаби иштирок накарданашон дар маршировка чанде аз онҳо аз донишгоҳ  хориҷ мегарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here