Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид иштироки донишҷӯёнро дар «маршировка»-ҳо ифтихор ва ҳисси баланди ватанхоҳӣ унвон кард.

Номбурда имрӯз, 1-уми феврал, дар нишасти матбуотии вазорат гуфт, касе ҳақ надорад донишҷӯёнро барои иштирок дар «маршировка»-ҳо аз дарс озод кунад, онҳо танҳо баъд аз дарс ширкат хоҳанд кард.

— Ширкати донишҷӯёнро дар маршировкаҳо вобаста ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Иди Наврӯз касе манъ накардааст. Ин бисёр хуб аст. Онҳо бо ширкат дар ин гуна чорабиниҳо ҳисси баланди ватанхоҳии худро нишон медиҳанд. Ман вазири маориф ва илм ҳастам, дар замони шӯравӣ хондам, дар тамоми «маршировка»-ҳо иштирок доштам ва аз ин ифтихор мекунам. Албатта аз имкон берун аст, вале агар бори дигар ҷавон мешудам, бо сари баланд дар чунин чорабинӣ ширкат мекардам. Ширкати донишҷӯён дар чорабиниҳои давлатӣ бо фармони вазир мешавад. Мо барои онҳо «стипендия» муқаррар мекунем, хӯроки гарм ва роҳкиро медиҳем, илова бар ин автобусҳо онҳоро бурда меоранд. Шумо ташвиш нашавед! — гуфт дар ҷамъбасти сӯҳбат вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид.

Нигаронии рӯзноманигорон дар ҳолест, ки шикояти худи донишҷӯён вобаста ба иштирокашон дар «маршировка»-ҳо зиёд шунида мешавад. Бино ба гуфтаи онҳо, барои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Иди Наврӯз онҳо аз таътили тобистона ва то 1,5 — 2 моҳ аз дарсҳо маҳрум карда мешаванд.

Добавить комментарий