Дар исёни шаби 7-уми ноябр дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд 21 ошӯбгар безарар гардонда шуданд, ки аксари онҳо афроди маҳкум ба терроризм, аз ҷумла ,пайравони гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» будаанд.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки  дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел қарор дорад, рӯзи 22-юми ноябр ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

Бино ба маълумоти вазир, дар ин ҳодиса ҳамчунин, ду корманди маҳбас ба ҳалокат расида, шадидан захмӣ гардидани панҷ зиндонбон ба қайд гирифта шудааст.

Сироҷиддин Муҳриддин дар шарҳи хабар гуфтааст, ки зиндонбонон дар аввал хостанд ошӯбгаронро ба муколама даъват кунанд, вале онҳо муқовимат нишон дода, кӯшиши фирор аз маҳбасро кардаанд. «12 нафар аз ошӯбгарон ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок кардаанд. 3 нафар узви гуруҳҳои ифротиву террористии “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ ва 6 нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнин, ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқи маводи мухаддир буданд».

Нахустин шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи зиндони рақами 3-и Хуҷанд дар ҳолест, ки овозаҳо дар мавриди ба маротиб зиёд будани шумораи ҳалокшудаҳо дар ин ошӯб миёни ҷомеа шунида мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин қайд кардааст, ки айни ҳол аз ҷониби Прокуратураи генералӣ як гуруҳи махсус қазияро таҳқиқ дорад ва натиҷаи он тавассути расонаҳо эълон карда хоҳад шуд.

Добавить комментарий