Ин шабу рӯз сарусадоҳо атрофи истеъфои роҳбарон зиёд шудааст. Вебгоҳи akhbor.com 19-уми март аз номи як манбаи худаш навишт, ки «Сарвазир Қоҳир Расулзода ба сабаби вазъи саломатиаш ба истеъфо меравад».

Оҷонсии «Ховар» дар ради ин хабар аз номи котиботи сарвазири кишвар навишт, ки ин овозаҳо асос надоранд. Дар хабари «akhbor.com гуфта мешавад, ки «сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба сабаби вазъи саломатиаш ба истеъфо рафта, ба табобат машғул хоҳад шуд. Расулзода ба гуфтаи ҳамсуҳбатони «Ахбор», аз дарди ҷигар азият мекашад ва ба табобати фарогир дар хориҷ аз кишвар ниёз дорад».

«Ховар» дар вокуниш ба ин иттилоъ аз номи котиботи сарвазир навишт: «Ин матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук, аз ҷониби корбарони зиёд бознашр шуда, вокуниш ва сару садоҳои мухталифро ба миён овардааст. Аксари корбарон аз вазъи саломатии сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода изҳори нигаронӣ кардаанд.

Котиботи сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳор медорад, ки матлаби дар бораи вазъи саломатии Қоҳир Расулзода дар akhbor.com нашршуда, ба ҷуз аз тахмину гумон ҳеҷ воқеият надорад. Вазъи саломатии сарвазири мамлакат хуб буда, ба табобат эҳтиёҷе надорад ва мисли пешин дар ин вазифаи масъули давлатӣ рисолати хешро ба садоқатмандӣ ба халқу Ватан иҷро менамояд».

Рӯзи 21-уми март сарвазири Тоҷикистон дар қатори президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва раиси шаҳри Душанбе дар Наврӯзи имсола дар тантанаҳо ширкат кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here