Чанде боз  расонаҳои хабарӣ перомуни бемории шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш  иттиллои нодуруст пахш карданд. Шабакаҳои иҷтимоӣ низ  моломоли постҳое гардид, ки бештаринашон маънои «ҳарчӣ тезтар шифо ёбед» — ро дошт.

Додоҷон Атовуллоев аз гавҳарношиносӣ гап кушода  бо унвони «Шеър дар карантин» дар саҳифаи расмии фейсбукиаш навишт: «Марвориди баъди насли «қаноатулоиқубозоругулрухсорӣ» Фарзона аст. Марвориде ниҳон андаруни садаф. Марвориди садафи садаи XXI. Биравед пасон ба қарни XХХI. Дар он тазкира ҳам номи Фарзонаи Хуҷандиро ҳатман хоҳед дарёфт. Дар он тазкира абётеро аз Фарзона чун дурдонаҳо хоҳед пайдо кард. Дар он тазкира хоҳед хонд, ки Фарзона на танҳо дӯстдоштатарин шогирд, балки духтархонди Лоиқ Шералӣ буд. Дар он тазкира хоҳед хонд, ки хонадони Фарзона ягона хонадонест, ки ду Шоири халқии Тоҷикистон дошт. Худаш ва шавҳараш – Озарахш. Фарзонаву Озарахш мариз шудаанд. Бо таби баланд ва сулфа дар бемористоне  бистарӣ гаштаанд. Аёдати онҳо мамнуъ аст».

Шоҳона Каримова, ки духтари  шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш аст, 26-уми апрел дар саҳифаи фейсбукаш чунин хабар дод: «Ассалому алейкум, дӯстони арҷманд. Сараввал ҳамаи Шуморо бо омадани моҳи нур, моҳи сафо, моҳи шарифи Рамазон табрик менамоям. Ба Шумо, ки пайваста дар ҳаққи волидонам дуо мекунеду дар ин рӯзҳо бо мо ҳастед, аз номи модарам гули сипос ҳадя менамоям. Модарам ба ҳамаи Шумо салом расонидаанд, ҳамвора босаодат бошед! Мутаассифона, имрӯз дар расонаҳо ҳар хел хабарҳо мардумро ба ташвишу изтироб овардааст. Волидонам 15-уми апрели соли ҷорӣ ба бемористони «Шайх Бурҳон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои табобат рафтаанд. Хушбахтона, модарам бемор нестанд ва ба беморхона танҳо ба хотири  ҳамроҳӣ бо падар, ки дар он рӯзҳо  сармо хӯрда  буданд, мераванд. Ба ҳамагон мужда расониданӣ ҳастам, ки аз рӯи гуфтаҳои модарам падар се рӯз шуд, ки тасб надоранд. Аҳли хонавода, хешу таборон, ҳамсояҳо, ки бо онҳо ин рӯзҳо наздик будаанд, шукронаи Аллохи Таъоло, ки хубу саломатанд…».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here