Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст.  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дамои ҳаво дар баъзе минтақаҳо то 31 дараҷа гарм, дар баъзе ҷойҳо -1-6 дараҷа сард мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок   дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона -1-6 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,       шамол аз самти ғарб 4-9    метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9+14  ва рӯзона +26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат шабона ба +7+12 ва рӯзона ба +25+30 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +8+10 ва рӯзона +27+29 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий