Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -6-11 дараҷа сард, рӯзона 2+3 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи ин вилоят шабона -25-30  ва рӯзона -9-14 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани меғ дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8  метр, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар  як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -2-7 дараҷа сард  ва рӯзона  0+5  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  тағйирёбанда  шуда,  фаромадани меғ дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона -4+6 ва рӯзона +6+11   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда  шуда, туман мефарояд. Дамои ҳаво шабона ба 1+6 ва рӯзона  ба  5+10  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 3+5 дараҷа сард  ва рӯзона +8+10 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here