Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 19 то 20-уми декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, борону барф дар назар аст.

Имрӯз, 19-уми декабр, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 то -5-10, рӯзона -2+3 ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17 ва рӯзона -1-6 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон шуда, ба барфи тар мубаддал мегардад ва  дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр  дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона аз  2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар давоми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон ва фаромадани  меғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона   +7+12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо рӯзона борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ  борону барф дар назар аст. Дамои ҳаво шабона ба 2+7 ва рӯзона    ба  6+11 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, рӯзона боридани борон дар назар аст. Шабона 4+6  ва рӯзона +8+10 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий