Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 4-уми январ, дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, борону барф дар назар аст. Дар Душанбе шабона барф пешгӯӣ мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда  шуда, борон ва гузаштани он ба барф  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 2-3 дараҷа сард мешавад. Дар  шарқи вилоят дамои он шабона 18-23  ва рӯзона 4-9  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф дар назар аст. Шамол  аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр  дар як сония мевазад.  Дамои ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона  0-5  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 3-8 ва рӯзона 2-3 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  борону барф пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии он дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3-8  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо  дамои он ба  -1+4 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борон ва барф дар назар аст.   Дамои ҳаво дар водиҳо шабона -4+4 ва рӯзона 4-9  дараҷа гарм мешавад. Дар баландкӯҳҳо шабона 1-6, инчунин то 10 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  рӯзона борон меояд, шабона барфи  тар дар назар аст. Дамои ҳаво   шабона 1-3  ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here