Имрӯз, 21-уми ноябр, дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда,  борону барф ва фаромадани меғ дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон. 

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+6, рӯзона  +2+7  ва дар шарқи ин вилоят шабона -15-20   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона барф ва фаромадани туман дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  ва рӯзона  9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон  ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона +13+18   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар   ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф ва туман мефарояд. Дамои ҳаво шабона ба +1+6  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва фаромадани туман  дар назар дошта шуда, дамои ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона +13+15  дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий