Имрӯз, 30-юми октябр, дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борон ва дар баландии 3000 м барф дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон. 

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3000 м барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11  ва рӯзона 10+15   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, рӯзона дар баъзе минтақаҳо борон дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +14+19   дараҷа гарм хоҳад шуд.

ДарВилоятиМухториКӯҳистониБадахшонҳавоиабрнокитағйирёбанда  шуда, дарбаъзеҷойҳочангуғуборбоқӣмемонад. Ҳаводарғарбивилоятшабона -1+6, рӯзона  +14+19  вадаршарқиинвилоятшабона -4-9 сардварӯзона +4+9 дараҷагарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3000 м барф дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад.   Ҳарорат шабона ба 5+10 ва рӯзона ба +12+17 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Дамои ҳаво  шабона +7+9  ва рӯзона +14+16  дараҷа мешавад.

Добавить комментарий