Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳарорат дар бештари ноҳияҳои кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мегардад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 24+29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 1-6 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шабона +9 +14 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе шабона ва рӯзона боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +11+13 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий